Сураи Иншироҳ Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Аш Шарх Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Иншироҳ Ояти 3

الَّذِىۡۤ اَنۡقَضَ ظَهۡرَكَۙ‏ ٣

Ал-лази анқаЗа заҳрак. 3.

3. Ки пушти туро хам карда буд?

Дар шарҳи оятҳои 2 ва 3 муфассирон фикрҳои гуногуни бисёре гуфтаанд. Ҳамаи онҳоро овардан аз имкон берун аст. Мо бо баёни машҳуртарини онҳо кифоя мекунем. Дар оғози пайғамбарӣ нозилшавии Ваҳӣ ба ҳазрати Муҳаммад (с) сахту вазнин мегузашт. Оҳиста-оҳиста ин ҳолат аз ӯ (с) рафъ гардид.

Ё дар айёми аввали даъват ба Ислом, мардум ба мушкилӣ ба дини мубини Ислом ворид мешуданд, ки ин ба Расулуллоҳ (с) як бори вазнине буд. Баъдан ин вазнинӣ аз ӯ (с) бардошта шуд ва мардум гурӯҳ-гурӯҳ назди он ҳазрат (с) омада Исломро қабул мекарданд.

Ё баъзан иштибоҳ, ё лағжише аз Расулуллоҳ (с) аз рӯйи иҷтиҳод рух медод. Мисли туршрӯӣ ба Абдуллоҳи Умми Мактум, ё гирифтани фидя дар ҷанги Бадр, ё мисли иҷоза додани мунофиқон дар иштирок накардан дар ҷиҳод, вақте ки узр баён карданд ва ғайра. Аллоҳтаъоло итоб менамуд ва Он ҳазрат (с) чунон дар андешаву тафаккур ва ғаму андӯҳ фурӯ мерафтанд, ки дар тафсираш қалам оҷизӣ мекашад.

Ояти сеюм муждаест ба ҳазрати Рисолатпаноҳ (с). Дар он Худованд фармудааст, ки он ҳама бори ғаму андӯҳро, ки боиси хам гаштани қоматат гаштааст, аз дӯши ту поин овардем.


Рӯйхати оятҳои Сураи Иншироҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Иншироҳ Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Иншироҳ Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)