Тафсири Сураи Инширох / Аш Шарх Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншироҳ Ояти 7
فَاِذَا فَرَغۡتَ فَانۡصَبۡۙ ٧
Фа иза фарағта фансаб. 7.
7. Пас, ҳар гоҳ (аз намоз ё кору бор) фориғ шудӣ, пас, (дар дуъо) бикуш.
Хитоб ба Расулуллоҳ (с) аст, чун аз таблиғ ва таълими мардум фориғ шудӣ, аз мардум канора гир ва дар хилват бевосита ба ёди Парвардигори худ банд шав, то осониҳо ба ту зиёд шавад. Муфассирон дар тафсири ин оят фикрҳои гуногун доранд. Инак бархе аз онҳо:
Агар аз намоз холӣ шудӣ, пас аз намоз чӣ мақсуде дошта бошӣ, аз Худо пурсида дар дуъо кардан кӯшиш кун.
Вақто ки аз даъвати халқ фориғ шудӣ, пас, дар ибодати Холиқ ҷаҳду кӯшиш кун.
Вақто кори дунёро ба охир расондӣ, пас барои талаби охират ҳаракату кӯшиш кун ва бигардон ҳиммату рағбататро дар он чизе, ки назди Худост, на дар назди ин дунёи фонӣ.
Ибни Касир дар шарҳи мазмуни ин оят гуфтааст, ки ҳар вақто аз кори дунё ва машғулии он ва аз алоқаҳои он фориғу холӣ шудӣ, пас ба ибодати Худо холисона кӯшиш кун ва бандагии Ӯро ба ҷой ор.
Хулоса, ба ибораи фориғ шудӣ, хоҳ маънои аз кори охират фориғ шудӣ, хоҳ маънои аз кори дунё фориғ шудӣ диҳем, дуруст аст. Бояд ҳам кори охират ва ҳам кори дунёро бо кӯшишу бо заҳмати том ба анҷом расонид.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншироҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «