Тафсири Сураи Инширох / Аш Шарх Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Иншироҳ Ояти 8
وَاِلٰى رَبِّكَ فَارْغَبْ ٨
Ва ила Раббика фарғаб. 8.
8. Ва ба сӯйи Парвардигори худ бо рағбат муштоқ бош!
Тафсири ин оят асосан дар боло гузашт. Локин эзоҳи таҳтуллафзии ин оят чунин аст. Эй Расули Мо (с) ҳамаи ҳиммату рағбати худро аз дунёи фонӣ барои ёфтани он чи, ки назди Аллоҳтаъолост, гардон!
Бевосита ба Аллоҳ мутаваҷҷеҳ шав! Аз касе наяндеш! Хулоса, фармони Ӯ таъоло ин аст, ки барои иҷобат ва қабули дуо ва расидан ба наззораи лиқои Ӯ ботоъат аз Парвардигори худ бисёр дархосту илтиҷо намудан ва ихлоси бузург лозим аст.
Изо зоқат бика-л-балво фафаккир фи алам нашраҳ,
Фа усрун баъда йусрайни изо факкартаҳу тафраҳ.
Валлоҳу аълам.
Адибе дар васфи Расулуллоҳ (с) гуфтааст.
Чу мақсуди кавну макон будӣ туст,
Худо медиҳад он чи мақсуди туст.
Муҳаммад, ки олам пур аз номи ӯст,
Суҷуди малоик зи икроми ӯст.
Муҳибби масокину маҳбуби ҳақ,
Ки аз шарми рӯяш кунад гул арақ.
Туфайли вуҷудаш Замину замон,
Мунаввар зи рӯяш макину макон.
Ғуломи ту шоҳони рӯйи Замин,
Ту бо бенавоёни уммат қарин.
Саломун ъало хотамул анбиё,
Саломун ъало Саййидил асфиё.
Поёни сураи “Иншироҳ”. Валиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Иншироҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «