Тафсири Сураи Инсон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 30
وَمَا تَشَآءُوۡنَ اِلَّاۤ اَنۡ يَّشَآءَ اللّٰهُ ؕ اِنَّ اللّٰهَ كَانَ عَلِيۡمًا حَكِيۡمًا ٣٠
Ва ма ташауна илла ай яшааллоҳ. Инналлоҳа кана Ъалӣман ҳакӣма. 30.
30. Ва шумо чизеро намехоҳед, магар вақте ки Аллоҳ бихоҳад. Ҳамоно, Аллоҳ донои боҳикмат аст.
Дар иршоди ояти мазкур Худованд фармудааст, ки шумо ҳеҷ кореро хоста наметавонед, магар ба хости Аллоҳтаъоло. Яъне ягон тоъату истиқомат дар шаръ ҳосил намегардад магар ба иродаи Парвардигор. Ҳеҷ як инсон қодир нест, ки худашро ҳидоят кунаду дар имон дарояд ва ба худаш ягон нафъе расонад. Албатта, Аллоҳтаъоло ба аҳволи махлуқоти Худ доно ва боҳикмат аст, ба онҳо бо ҳикмату тадаббур менигарад, Ӯ бо илми азалии Худ медонад, ки кӣ мустаҳиққи ҳидоят аст, барои ӯ асбоби ҳидоятро муҳайё мегардонад. Аммо шахсе, ки мустаҳиққи залолат аст ба ӯ асбоби залолаторо муяссар мегардонад. Ин ҳама ҳикмати Аллоҳтаъоло аст. Ба ин хотир аз Ӯ пурсида намешавад барои чиву чаро чунин аст? Зеро барои банда як ҳудуди муайян аст, ӯ наметавонад аз он хориҷ шавад. Банда ҳуқуқ надорад аз Худованд чунин суол кунад. Ба ин асос, ки Худованд ба ӯ эҳтиёҷе надорад балки банда ниёзманду эҳтиёҷманди пеши Холиқ аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «