Сураи Инсон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 31

يُّدۡخِلُ مَنۡ يَّشَآءُ فِىۡ رَحۡمَتِهٖ‌ؕ وَالظّٰلِمِيۡنَ اَعَدَّ لَهُمۡ عَذَابًا اَلِيۡمًا ٣١

Юдхилу ма-й яшау фӣ раҳматиҳ. Ва-з-золимӣна аъадда лаҳум ъазабан алӣмо. 31.

31. Ҳар киро хоҳад, дар раҳмати Худ дохил мекунад ва барои золимон азоби аламнокро омода кардааст.

Ӯ таъоло аз бандагонаш касеро бо иродаи Худ дохили раҳмату Ҷаннату-л-ризвон карданӣ бошад, мебинӣ, ки он шахс сари дуроҳа қарор нагирифта роҳи имону эҳсонро ихтиёр карда, худро муъмин мегардонад. Дар натиҷа раҳмату Ҷаннат насиби он банда мегардад. Аммо барои мушрикону золимон Аллоҳтаъоло азоби аламнокро аз Дору-л-ҷаҳим омода кардааст.

Худовандо моро аз тоифаи аввал гардон. Омин!

Поёни сураи “Инсон” валиллоҳил ҳамд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Мурсалат – Тафсири Осонбаён (Қуръон)