Сураи Инсон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Инсон Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Инсон Ояти 6

عَيۡنًا يَّشۡرَبُ بِهَا عِبَادُ اللّٰهِ يُفَجِّرُوۡنَهَا تَفۡجِيۡرًا ٦

Ъайна-н яшрабу биҳа ъибадуллоҳи юфаҷҷирунаҳа тафҷӣро. 6.

6. Чашмае, ки аз он бандагони Худо менӯшанд, ҳар куҷо хоҳанд, онро равон мекунанд.

Айну-л-кофур чашмаест, ки аз он бандагони муқарраби даргоҳи Худо яъне муъминони муттақӣ ҳар чи қадар, хоҳанд менӯшанд.

Худованд он чашмаро барои бандагони солеҳаш мусаххар гардонида аст, ки ҳамеша интизори онҳост ва ба кадом сӯе хоҳанд бо як ишора ба он тараф равон мешавад. Агар хоҳанд ба мақоме ҳозир шавад ҳозир мегардад. Хоҳ дар қасрҳо бошад, хоҳ берун аз он.

Хулоса, Аллоҳтаъоло дар Ҷаннат барои бандаҳои фармонбардораш машаққатро ҷой надодааст. Сифати дигаре, ки ин бандагони накӯкор доранд ин аст, ки…


Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Инсон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Инсон Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)