Тафсири Сураи Инсон Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Инсон Ояти 5
اِنَّ الۡاَبۡرَارَ يَشۡرَبُوۡنَ مِنۡ كَاۡسٍ كَانَ مِزَاجُهَا كَافُوۡرًاۚ ٥
Инна-л аброра яшрабуна мин каъсин кана мизаҷуҳа кафуро. 5.
5. Ҳамоно, некӯкорон аз шароб менӯшанд, ки омезиши он аз оби чашмаи Кофур аст.
Касоне, ки дар дунё некӯкору ба тоати Аллоҳтаъоло машғул буданд, ҷойи онҳо Ҷаннат буда, онҳо аз пиёлаҳои пур аз шароби бо кофур омехташуда, ки ниҳоят табъи гуворо дорад менӯшанд. Ба ривояте кофур чашмаест дар ҷаннат, ки ӯро (айнул кофур) меноманд. Худо донотар аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Инсон «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «