Сураи Исро Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 104 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 104

وَقُلْنَا مِنْ بَعْدِهِ لِبَنِي إِسْرَائِيلَ اسْكُنُوا الْأَرْضَ فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ الْآخِرَةِ جِئْنَا بِكُمْ لَفِيفًا ١٠٤

Ва қулна мин баъдиҳӣ ли банӣ Исраӣласкуну-л-арЗа фа иза ҷаа ваъду-л-ахирати ҷиъна бикум лафӣфа. 104.

104. Ва пас аз вай барои бани Исроил гуфтем: «Дар Замин сокин шавед, пас, чун ваъдаи охират биёяд, шумо (муъмину кофир)-ро дарҳам омехта биёрем (маҳшур кунем)!».

Ба дунболи ин пирӯзии бузурге, ки ба Мӯсо (а) ва ба бани Исроил дода шуд, яъне баъди мавти Фиръавн, Худованд ба бани Исроил гуфт, ки акнун шумо метавонед дар сарзамини Миср (ё Шом ё Байтул-Мақдис) сукунат кунед. Чун Қиёмат фаро рассад, шуморо аз қабрҳоятон берун меорем ва дар ҳолати бо ҳам омехта кофиру муъмин якҷоя ба маҳшаргоҳ (майдони ҷамъшавӣ) меорем, онгоҳ шуморо аз ҳам ҷудо мекунем. Муъминонро аз кофирон, некбахтонро аз бадбахтон ҷудо карда ба назди тарозуи ҳисоб ҳозир хоҳем кард.

Оятҳои зер аз бузургии Қуръон ҳарф мезананд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 103 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)