Тафсири Сураи Исро Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 105
وَبِالْحَقِّ أَنْزَلْنَاهُ وَبِالْحَقِّ نَزَلَ ۗ وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا مُبَشِّرًا وَنَذِيرًا ١٠٥
Ва би-л-ҳаққи анзалнаҳу ва би-л-ҳаққи назал. Ва ма арсалнака илла мубашшира-в ва назӣро. 105.
105. Ва Қуръонро ба ростӣ фуруд фиристодем ва ба ростӣ фуруд омадааст ва нафиристодем туро, магар ин ки муждадиҳанда ва тарсонанда бошӣ.
Худованд дар ояти мазкур бо азаматию бузургии Китоби осмонӣ (Қуръон)-ро баён карда эроду баҳонаҷӯиҳои мухолифони онро радд намуда гуфтааст, ки мо Қуръонро бо ҳақ ва ростӣ фуруд овардаем ва Он дарбаргирандаи ҳақиқат аст, дар ҳама ҳол ба сӯйи ҳақиқат даъват мекунад ва ҳамеша то охир барҳақ боқӣ хоҳад монд. Асло кам ё зиёд намешавад. Дар Он ҳукмҳо, мисолҳо, хабарҳо, ибратҳо, мавъизаву пандҳо, хулоса, ҳама маълумоте, ки барои ҳалли дурусти масъалаҳои дар ҳар давру замон (то фаро расии қиёмат) пайдошаванда мавҷуданд. Дар охири оят Худованд хабар медиҳад, ки Мо туро, эй Муҳаммад (с), байни онҳо барои он фиристодем, ки касонеро, ки имон оварданду ибодати холисона мекунанд, ба Ҷаннат башорат диҳӣ ва шахсонеро, ки кофиранд, аз азоби илоҳӣ, ки Дӯзах аст, тарс диҳӣ!
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «