Сураи Исро Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 106 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 106

وَقُرْآنًا فَرَقْنَاهُ لِتَقْرَأَهُ عَلَى النَّاسِ عَلَىٰ مُكْثٍ وَنَزَّلْنَاهُ تَنْزِيلًا ١٠٦

Ва Қур-анан фарақнаҳу ли тақрааҳу ъала-н-наси ъала мукси-в ва наззалнаҳу танзӣла. 106.

106. Ва Қуръонро ҷудо-ҷудо фиристодем, то онро бар мардум бо оромӣ (оят-оят) бихонӣ ва онро (дафъа-дафъа) фурӯ фиристодем.

Дар аснои нозилшавии Қуръон мухолифон мегуфтанд: «Чаро ба якборагӣ Қуръон ба Пайғамбар нозил намешавад, то мардум онро аз оғоз, то ба охир бихонаду аз ҳамаи он бохабар шаванд?». Ояти мазкур барои шахсоне, ки баҳонаҷӯйи карда имон наоварданд, посух буда, дар он Худованд фармудааст, ки мо барои он Қуръонро дар сурати оятҳои аз ҳам ҷудо ва дар муҳлатҳои гуногун фуруд овардем, ки то дар дилҳо ҳифз ва дар амал пиёда шавад. Маълум аст, ки агар Қуръон Худованд яку якбора дар сурати як китоб нозил накарда, балки баъзан як оят ё ду оят, баъзан як сура, хулоса, дар давоми бисту се сол бо тадриҷ нозил кардааст, ки ин бе ҳикмат нест. Яке аз ҳикматҳо, ки дар ин оят зикр шудааст, он аст, ки оҳиставу бо тадриҷ ба мардум хонда дода шавад. Маълум аст, ки яку якбора Қуръон нозил мешуд, хондани сӣ пора Қуръон ба мардум осон набуд. Агар хонда дода мешуд ҳам, қабул кардану амал кардани мардум дар гумон буд. Дигар ин, ки Қуръони карим фақат барои хондан нозил нашудааст, балки барои амал кардан низ як дастуруламал аст. Агар якбора нозил мешуд, ба ҳамаи дастуруламалҳои он яку-якбора амал кардан кори осон набуд. Худои меҳрубон барои хубтар фаҳмидани маънои оятҳои Қуръон ва осон намудану дар хотирҳо нигоҳ доштани Он ва тобовар шудани мардум, Онро қисм-қисм нозил кард. Ҳоло Қуръон алҳамдулиллоҳ байни мардум вуҷуд дорад, ба он амал кардан ба хоҳиши ҳар як инсон ҳавола аст. Агар хоҳад, ки дар дунё ва охират некбахт бошад, тобеъи Қуръон мешаваду ба он амал мекунад ва агар бадбахтии дунё ва охиратро хоҳад, тобеъи Қуръон намешавад. Ба ҳар сурат ин ҳақиқат, чуноне ки ояти зер ишора кардааст ба Расулуллоҳ (с) супорида шудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 105 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 107 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)