Тафсири Сураи Исро Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 16
وَإِذَا أَرَدْنَا أَنْ نُهْلِكَ قَرْيَةً أَمَرْنَا مُتْرَفِيهَا فَفَسَقُوا فِيهَا فَحَقَّ عَلَيْهَا الْقَوْلُ فَدَمَّرْنَاهَا تَدْمِيرًا ١٦
Ва иза арадна ан-н-нуҳлика қарятан амарна мутрафӣҳа фа фасақу фӣҳа фа ҳаққа ъалайҳа-л-қавлу фа даммарнаҳа тадмӣро. 16.
16. Ва чун ҳалоки деҳаеро ирода кунем, маъишатпарастони онҳоро амир мекунем, пас, он ҷо нофармонӣ кунанд, пас, ба он деҳа ваъдаи азоб собит шавад, пас, онҳоро яксара барҳам занем ва дар ҳам фурӯ кӯбем.
Худованд ҳеҷ шахсро бе ягон гуноҳ ба азоб намекашад. Ҳамчунин мардуми ҳеҷ шаҳр, ё деҳотро бе ягон сабаб ба ҳалокат дучор насохтааст. Ҳама бало ва офате, ки болои халқи деҳот, ё шаҳре меояд, туфайли фисқу фасоди худи онҳост. Худованд дар ин оят гуфтааст, ки вақто ки бихоҳем ба иллати куфр ва нофармонии мардум деҳаро (ё шаҳреро) ҳалок кунем, аввалан барои насиҳати сардору шахсони маъишатпараст ва барои шахсоне, ки бою бадавлатанд, Пайғамбар ё ҷойнишинони Пайғамбарро мефиристем то ин, ки онҳоро насиҳат кунанд. Онҳо, ки ба фисқу фасод одат кардаанд, ба амри Худованд ва ба насиҳати носиҳон гӯш намедиҳанд итоъат ҳам намекунанд, боз фисқу фасоди худро идома медиҳанд. Пас, дар натиҷа азоби худро болои онҳо воҷиб мегардонем. Яъне он деҳаро ҳамроҳи мардуми он ҳалоку барбод мекунем.
Хонандаи муҳтарам! Дар бораи мардуме, ки дар асари офатҳо деҳаҳояшон валангору бо хок яксон шудаанд, мувофиқи мазмуни ояти мазкур худ қазоват кунед. Ояти зер ин гуфтаҳоро таъкид мекунад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «