Тафсири Сураи Исро Ояти 17 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 17
وَكَمْ أَهْلَكْنَا مِنَ الْقُرُونِ مِنْ بَعْدِ نُوحٍ ۗ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ بِذُنُوبِ عِبَادِهِ خَبِيرًا بَصِيرًا ١٧
Ва кам аҳлакна мина-л-қуруни мин баъди Нуҳ. Ва кафа би Раббика би зунуби ъибадиҳӣ Хабӣран Басӣро. 17.
17. Ва чи бисёр баъд аз Нӯҳ табақоти мардумро ҳалок кардем. Ва Парвардигори ту ба гуноҳи бандагони Худ бас донову бино аст.
Қавмҳое, ки худро ба фисқу фасод дода маъишатпараст шуданду дар охир ба ҳалокат дучор омаданд, дар гузашта бисёранд. Масалан: мардуме, ки дар замони Нӯҳ (а) зиндагонӣ мекарданд, ба туфайли фисқу фасодашон ба ғайри Нӯҳ (а) ва чанд шахсе, ки ба Ӯ (а) имон оварда буданд, дигар ҳама дар тӯфони об ғарқу нобуд шуданд. Баъди Нӯҳ (а) дигар қавмҳо чун қавми Од ва қавми Самуд низ аз сабаби фасодкорӣ дар рӯйи Замин туъмаи ҳалокат шуданд. Гунаҳкорон ҳарчанд гуноҳашонро пинҳон ва пардапӯш кунанд ҳам, бояд бидонанд, ки Худованд аз ҳамаи онҳо бохабар ва бинои ҳоли онҳост. Онҳо метавонанд танҳо мардумро фиреб кунанд. Оё метавонанд Зотеро, ки аз ҳама чиз Бохабар ва ҳама чизро Биност, фиреб кунанд? Ҳаргиз!
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «