Сураи Исро Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 15 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 15

مَنِ اهْتَدَىٰ فَإِنَّمَا يَهْتَدِي لِنَفْسِهِ ۖ وَمَنْ ضَلَّ فَإِنَّمَا يَضِلُّ عَلَيْهَا ۚ وَلَا تَزِرُ وَازِرَةٌ وِزْرَ أُخْرَىٰ ۗ وَمَا كُنَّا مُعَذِّبِينَ حَتَّىٰ نَبْعَثَ رَسُولًا ١٥

Маниҳтада фа иннама яҳтадӣ ли нафсиҳ. Ва ман Залла фа иннама яЗиллу ъалайҳа. Ва ла тазиру вазирату-в визра ухра. Ва ма кунна муъаззибӣна ҳатта набъаса расула. 15.

15. Касе роҳёб шуд, пас, ҷуз ин нест, ки барои нафъи худ роҳёб мешавад ва ҳар касе гумроҳ шуд, пас, ҷуз ин нест, ки бар зарари худ гумроҳ мешавад. Ва ҳеҷ бардоранда бори (гуноҳони) дигареро барнадорад. Ва Мо азобкунандаи ҳеҷ кавме нестем, то ин ки пайғамбаре бифиристем.

Ояти мазкур чаҳор ҳукм ва масъалаҳои асосиеро, ки ба ҳисобу ҷазо робита доранд, дар бар гирифтааст:

1.Ҳар касе, ки роҳи ҳидоятро пазиро шавад ва дар он роҳ бо кӯшишу талоши том равад, ба фоидаи худи ӯст. Зеро фардо рӯзи қиёмат ҳар кас аз кирдори худ ҷавоб медиҳад.

2.Дар акси ҳол, чуноне ки дар ояти 7-уми ҳамин сура гузашт, агар касе гумроҳиро пазирад, аз мулки Худованд ҳеҷ чиз кам намешавад, балки бар зарару зиёни ӯ буда оқибати шуми он домангири худи ӯ хоҳад шуд.

3.Ҳеҷ кас бори гуноҳи каси дигарро бар дӯши худ намекашад ва ҳеҷ кас дар ивази ҷурму гуноҳи каси дигар ҷазо дода намешавад. Магар ин, ки сабаби содир кардани гуноҳи дигаре шавад. Дар чунин сурат мисли гуноҳи содиркардаи гунаҳкор болои гуноҳи сабабгор гуноҳ зам мешавад. Аз ин рӯ, вазирро барои он вазир мегӯянд, ки ӯ бори вазнине аз тарафи амир, ё аз тарафи мардум бар дӯш дорад.

4.Ҷумлаи охир аз ҳақиқати адли Парвардигор хабар дода аст, ки Мо ҳеҷ шахс, ё қавмеро муҷозот нахоҳем кард, магар баъди омадани Пайғамбар байни онҳо. Вақто ки онҳо панду насиҳати фиристодаи Моро напазируфтанд, (чун қавми Нӯҳ (а), балоеро ба суроғи онҳо мефиристем, ки онҳоро аз беху бун нобуд месозад.

Абдуллоҳ ибни Аббос гуфтааст: «Ояти мазкур дар шаъни Валид ибни Муғира нозил шудааст. Зеро номбурда ба мардуми Макка мегуфт: «Шумо ҳамагӣ ба Муҳаммад кофир шавед, гуноҳи ҳамаи шумо бар дӯши ман». Бехабар аз он, ки ҳеҷ чиз дар ихтиёри ӯ нест. Бехабар аз он, ки оё ӯ ақаллан аз худ дифоъ карда метавонад, ё не.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 14 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 16 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)