Сураи Исро Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 29

وَلَا تَجْعَلْ يَدَكَ مَغْلُولَةً إِلَىٰ عُنُقِكَ وَلَا تَبْسُطْهَا كُلَّ الْبَسْطِ فَتَقْعُدَ مَلُومًا مَحْسُورًا ٢٩

Ва ла таҷъал ядака мағлулатан ила ъунуқика ва ла табсутҳа кулла-л-басти фа тақъуда малума-м маҳсуро. 29.

29. Ва дасти худро ба гардани худ баста (бахилӣ) макун ва онро бо тамоми кушодан макушой, ки онгоҳ маломаткардашудаву дармонда биншинӣ.

Оятҳои қаблӣ исроф кардани молро наҳӣ карданд. Ҳоло ояти мазкур тарзи бо эътидоли (миёнаи) сарфи пулу молро муайян карда, бо таъкид фармудааст, ки дасти худро бар гардани хеш баста қарор мадеҳ. Яъне дасти диҳанда дошта бош, локин чун бахилон, ки гӯё дастони онҳо ба гулӯяшон баста шудаасту касеро кумак карда наметавонанд, мабош. На дасти худро фавқулода кушода кун, ки тамоми молу ҳолатро сарф кунию худат ҳамчун гадойи дармонда ба кӯмаки дигарон муҳтоҷ шавӣ ва мавриди маломати ину он гардӣ ва аз мардум ҷудо шавӣ.

Сабаби нузули ояти мазкурро аз Ибни Масъуд (р) чунин нақл кардаанд, ки рӯзе Пайғамбар (с) нишаста буданд, писарбачае наздашон омад, гуфт: «Модарам аз шумо ину он.. мехоҳад». Расулуллоҳ (с) дар посух, ба он писарбача гуфт: «Имрӯз назди мо чизе нест». Кӯдак гуфт: “Модарам аз шумо мехоҳад, ки пироҳанеро ба ӯ пӯшонед. Бо шунидани ин сухан пироҳане, ки дар тан дошт кашида ба кӯдак дод ва худ дар хонаашон чун шахси дармондаву бе наво нишаст.” Пас ояти мазкур нозил шуд.

Агар шахсе гӯяд, ки бояд шахси муъмин тамоми молашро ба нафақа диҳаду барои худ чизеро барои фардояш захира надошта бошад, ин фикр ба мазмуни ояти мазкур зид аст. Агар не, пас сухани Расулуллоҳ (с), ки гуфтанд: «Касе (дар харҷ) миёнаравӣ кунад, фақир намешавад»-ро чӣ тавр бояд фаҳмид? Хулоса, дар ҳама кор бояд инсон миёнрав бошад. На ин, ки вақти дуъо даст бар ҳаво, вақти карам даст дар бағал бошад ва на бояд тамоми моли худро сарф карда, муҳтоҷи дигарон гардад. Худованд дар оятҳои фаровони сураҳои Қуръон исрофкунандагонро шадидан маҳкум кардааст. Аз он ҷумла ба ояти 141-уми сураи «Анъом», ояти 31-уми сураи «Аъроф», ояти 28-уми ва 43-уми сураи «Ғофир», ояти 151-уми сураи «Шуъаро», ояти 34-уми сураи «Аззориёт», ояти 83-уми сураи Юнус, ояти 21-уми сураи «Анбиё» ва сарфе, ки на дар он исроф бошаду на мумсикию бахилӣ ба ояти 67-уми сураи «Фурқон», муроҷиат шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 30 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)