Тафсири Сураи Исро Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 28
وَإِمَّا تُعْرِضَنَّ عَنْهُمُ ابْتِغَاءَ رَحْمَةٍ مِنْ رَبِّكَ تَرْجُوهَا فَقُلْ لَهُمْ قَوْلًا مَيْسُورًا ٢٨
Ва имма туъриЗанна ъанҳумубтиғаа раҳмати-м ми-р Раббика тарҷуҳа фа қул лаҳум қавла-м майсуро. 28.
28. Ва агар меҳрубонии Парвардигори худро умедвор бошӣ ва аз он ҷамоъат (аз сабаби нодори) рӯ бигардонӣ, пас, онҳоро (ваъдаи нек деҳ) сухани мулоим бигӯ!
Касе ҳама вақт барои падару модар, хешу ақрабо, дармондаву дарроҳмонда бо саховат дасти ёрӣ дароз мекард, баногоҳ ин имконият аз даст рафт, ҳеҷ боигарие дар ихтиёраш намонд, ки чун пештара ба онҳо бидиҳад, вале умеди он дорад, ки Худованд дар оянда кушоишу арзонӣ медиҳад, онҳо бошанд кумак мепурсанд, чӣ бояд кард? Дар чунин сурат ҳам ба онҳо бо хушунат набояд бархурд кард ва аз онҳо рӯй набояд тофт. Балки бо суханҳои нарму мулоиму санҷида эҳтироми онҳоро бояд ба ҷой оварду, онҳоро таҳқир набояд кард. Масалан ба онҳо бояд гуфта шавад; “Мо шуморо фаромӯш накардаем. Иншооллоҳ, умед ҳаст, ҳамин ки Худованд кӯшоиш диҳад, боз аз шумо хабар мегирем, ё ҳаққи шуморо медиҳем, ё мефиристем” ва ҳоказо. Сабаби нузули ояти каримаро муфассирон (аз он ҷумла Заҳҳок) гуфтаанд, ки ин оят дар бораи мустамандоне нозил шуд, ки аз Расули Худо (с) дархости кумак карданд.
Ояти зер ин мавзӯро пай мегирад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «