Тафсири Сураи Исро Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 3
ذُرِّيَّةَ مَنْ حَمَلْنَا مَعَ نُوحٍ ۚ إِنَّهُ كَانَ عَبْدًا شَكُورًا ٣
Зуррийята ман ҳамална маъа Нуҳ. Иннаҳу кана ъабдан шакуро. 3.
3. Эй фарзандони касе, ки онҳоро ҳамроҳи Нӯҳ (дар киштӣ) бардоштем, ҳаройина, вай бандаи шукргузор буд!
Ин ақида саҳеҳ аст, ки ба ғайри шахсоне, ки ҳамроҳи Нӯҳ (а) дар киштӣ нишаста буданд, дигар касе дар рӯйи Замин аз тӯфони об халос наёфтааст. Инсонҳое, ки баъди Нӯҳ (а) то ҳозир ба дунё омаданд ва меоянд, ҳама аз насли он шахсони покеанд, ки дар киштӣ ҳамроҳи Нӯҳ (а) нишаста буданд. Худованд дар ин оят бо хитоб бани Исроилро ёдрас кардааст, ки эй насл ва табори касоне, ки онҳоро ҳамроҳи Нӯҳ (а) дар киштӣ шинонда будем! Чаро қадршиносӣ намекунед? Чаро тобеъи падарони поки он давр намешаведу дунболи онҳо намеравед? Чаро амалу ақидаеро, ки онҳо ба Худо ва ба Расули Худо (а) доштанд, дастуру барномаи худ қарор намедиҳед? Фаромӯш накунед, ки яке аз онҳо Нӯҳ (а) буд. Ӯ (а) дар шодию ғам, сахтию осонӣ бисёр шукргузор буд. Худованд сифатҳои ӯ (а)-ро бисёр зикр кардааст, то ин ки зуррияи ӯ (а), чи ба забони ҳол (ботин) бошад, чи бо забони қол (зоҳир), шукргузор бошанд. Дар ривоятҳо омадааст, ки Нӯҳ (а) дар ҳангоми хӯрдан, нӯшидан, либос пӯшидан, хулоса, дар ҳама ҳолатҳо Худои азза ва ҷалларо шукр мегуфт. Дар ҳадиси шариф омадааст, ки Худои азза ва ҷалла аз бандае хушнуд мешавад, ки чун ғизое мехӯрад, ё нӯшиданиеро менӯшад, ҳамду сипос мегӯяд. Ояти зер аз таърихи пурмоҷарои бани Исроил сухан кардааст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «