Сураи Исро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 4

وَقَضَيْنَا إِلَىٰ بَنِي إِسْرَائِيلَ فِي الْكِتَابِ لَتُفْسِدُنَّ فِي الْأَرْضِ مَرَّتَيْنِ وَلَتَعْلُنَّ عُلُوًّا كَبِيرًا ٤

Ва қаЗайна ила банӣ Исроӣла фи-л-китаби ла туфсидунна фи-л-арЗи марратайни ва ла таълунна ъулувван кабӣро. 4.

4. Ва дар Таврот ба сӯйи бани Исроил ваҳй фиристодем, ки албатта, дар Замин ду бор фасод хоҳед кард ва албатта, бо саркашии бузург туғён хоҳед кард.

Худованд дар ин оят аз таърихи бани Исроил сухан карда, дар оғоз гуфтааст, ки Мо дар китоб (Таврот, ё дигар саҳифаҳои пайғамбарони бани Исроил) барои бани Исроил ҳамчу пешгӯйи хабар додаем, ки албатта, шумо дар рӯйи Замин шеваи зулму такаббуриро пеш мегиред, бо саркашии бузург ва зери по ниҳодани ҳурмати Худо ду маротиб даст ба фасодкорӣ мезанед. Назди аксари муфассирон калимаи «арз»-е ки дар ин оят омадааст, сарзамини муқаддас (Фаластин) аст. Ҳоло «Масҷидулақсо» дар шаҳри Байтулмуқаддаси Фаластин аст. Баъзе муфассирон гуфтаанд, ки дар ояти мазкур аз ду воқеъа зикр ба миён омада аст, вале дар таърих шаш воқеъа зикр шудааст. Хоҳишмандон метавонанд тафсили онҳоро аз китобҳои таърих пайдо кунанд. Аз ин воқеъаҳо кадомиашон ду воқеъаи дар Қуръон зикршуда аст мушаххас намудан душвор аст, аммо соҳиби «Маъорифул Қуръон» менависад, ки нахустин воқеъа дар замони шариати Мӯсо (а) аст. Дувум дар замони шариати Исо (а) аст. Яъне, бани Исроил дар замони шариати Мӯсо (а) ба гуноҳ ва фасодкорӣ даст заданд. Пас, Аллоҳ таъоло душманони онҳоро бар онҳо ғолиб гардонид, то ҳоли онҳо табоҳ гашт. Сипас, бани Исроил қадре аз бадкорӣ даст бардошта, ором гирифтанд. Вале баъд аз муддати кӯтоҳе, дар замони Исо (а), боз ба ҳамон амалҳои бад ва фасодкорӣ даст заданд. Ин навбат низ Худованд, онҳоро бо дасти душманонашон ҷазо дод. Дар тафсири Қуртубӣ ҳадиси дарозе аз Ҳузайфа (р) ривоят шуда аст, ки дар он тафсили ду воқеъа баён гаштааст. Дар оятҳои баъдӣ зикри он ду ҳодиса, иншоаллоҳ, баён хоҳад шуд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 3 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)