Тафсири Сураи Исро Ояти 34 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 34
وَلَا تَقْرَبُوا مَالَ الْيَتِيمِ إِلَّا بِالَّتِي هِيَ أَحْسَنُ حَتَّىٰ يَبْلُغَ أَشُدَّهُ ۚ وَأَوْفُوا بِالْعَهْدِ ۖ إِنَّ الْعَهْدَ كَانَ مَسْئُولًا ٣٤
Ва ла тақрабу мала-л-ятӣми илла би-л латӣ ҳия аҳсану ҳатта яблуға ашуддаҳ. Ва авфу би-л-ъаҳди инна-л-ъаҳда кана мас-ула. 34.
34. Ва ба моли ятим наздик машавед, магар ба тариқе, ки он нек аст, то он ки ба ниҳояти қувват (балоғат)-и худ бирасад. Ва ба аҳд вафо кунед, ҳаройина, аз аҳд савол карда ҳоҳад шуд.
Дини ислом ба ҳимояи ятиму моли ӯ мисли ҷони инсон, эътибори алоҳида додааст. Аз он сабаб, ки ба ятимону молҳои онҳо бисёр хиёнат мешавад, Худованд дар ин оят фармудааст, ки бо нияти бад ба моли ятим даст нарасонед. Яъне аз сабаби бесоҳибии ятим бо нияти бад талаф ва азхудкунии моли ятим, ба он даст нарасонед. Дар давоми оят Худованд фармудааст, ки ба моли ятим наздик шудан, агар бо ният ва тарзи нек бошад, боке нест, балки кори хуб аст. Масалан, то ба балоғат расидани ятим дар моли ӯ тасарруф кардан бо нияти ҳифзи он ё барои зиёд кардани он ва ё пешгирӣ аз талафи он бошад, то ин ки молаш талаф нашавад, ҷоиз аст. Замоне боварӣ пайдо шавад, ки ятим ба балоғати фикрӣ ва иқтисодӣ расидааст ва мустақилона дар молу ашёи худ тасарруф карда метавонад, моли ӯ назди шоҳидон ба худаш баргардонида мешавад. Барои ҷузъиёти моли масъалаи ятимро фаҳмидан ба ояти 2-юми сураи «Нисо» муроҷиъат шавад.
Дар охири ояти мазкур Худованд фармон додааст, ки ба аҳди худ вафо кунед, зеро аз ин масъала (рӯзи қиёмат) албатта, пурсида хоҳед шуд. Ба аҳду паймон вафо кардан ва аҳамият ба онро дар сураи «Наҳл» аз ояти 91 то 94-ум низ дидан мумкин. Дар таърихи инсоният ҳеҷ миллат дар вафо ба аҳд ба мусалмон баробар шуда натавонистааст. Аҳду паймон маънои васеъ доранд, ки ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо мешаванд: аввал аҳди бо Худо басташуда ва сипас аҳди бо мардум басташуда, ки иборатанд аз аҳдҳои хусусӣ, давлатӣ, иқтисодӣ, касбӣ, оилавӣ ва амсоли онҳо. Агар вафо ба аҳд нашуд, дар ҷомеа, албатта, таназзул пайдо мешавад, эътимод (боварӣ) аз байн меравад, кор ба вайронагӣ мекашад. Баъди даъвати ба аҳд вафо кардан дар оятҳои баъдӣ сухан аз тарозу ва ченакҳо меравад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «