Сураи Исро Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 37 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 37

وَلَا تَمْشِ فِي الْأَرْضِ مَرَحًا ۖ إِنَّكَ لَنْ تَخْرِقَ الْأَرْضَ وَلَنْ تَبْلُغَ الْجِبَالَ طُولًا ٣٧

Ва ла тамши фи-л-арЗи мараҳа. Иннака лан тахриқа-л арЗа ва лан таблуға-л-ҷибала тула. 37.

37. Ва дар Замин хиромон (кибркунон) роҳ марав. Ҳаройина, ту заминро нахоҳӣ шикофт ва дар дарозӣ ба кӯҳҳо нарасӣ!

Худованд дар ояти мазкур алайҳи кибру ғурур ба мубориза бархоста фармудааст, ки дар рӯйи Замин аз рӯйи кибру ғурур қадам мабардор, чаро, ки ту наметавонӣ заминро бишикофӣ ва дарозии қоматат наметавонад ба кӯҳҳо баробар шавад! Яъне чунон равише ихтиёр накунед, ки такаббур, фахр ва ғурур аз он зоҳир гардад, зеро ин рафтори аҳмақона аст. Оре! Қуръони Карим инсонро ба тавозӯъ ва хоксорӣ даъват мекунад. Зеро кибру ҳаво барои шахси муъмину мусалмон дуруст нест. Дар давоми оят ин рафтори нодуруст чунин таъбир мешавад, ки шахси мутакаббир ҳангоми роҳ рафтан ба замин чунон қадам мегузорад, ки гӯё мехоҳад заминро бишикофад, аммо ин дар тавони ӯ нест. Инчунин ӯ қомат ва сару гардани худро ҳангоми роҳ рафтан чунон мебардорад, ки гӯё аз кӯҳҳо ҳам баланд бошад, аммо дар асл ин тавр нест.

Такаббурӣ чист? Такаббурӣ, яъне худро аз дигарон афзал ва аъло тасаввур кардан ва дигаронро аз худ камтар ва ҳақир шуморидан аст. Кибр дар Ислом гуноҳи кабира аст. Дар ҳадиси шариф омадааст: «Ҳар касе барои (ризои) Худо тавозӯъ кунад, Худованди таъоло қадри ӯро баланд мекунад, пас ӯ назди худ, (агарчи) ҳақир (аст), локин назди Худованди (таъоло) бузург аст». Дар мазмуни ҳадиси дигаре омадааст: “Марде буд аз умматҳои гузаштаи пеш аз шумо, ду ҷомаи қиматбаҳоро мепӯшид ва ба онҳо меболид, хиромон-хиромон роҳ мерафт, ногаҳон замин ӯро фурӯ бурд ва ӯ то рӯзи қиёмат ҷумбида-ҷумбида дар он фурӯ меравад.”


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 36 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 38 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)