Сураи Исро Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 44 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 44

تُسَبِّحُ لَهُ السَّمَاوَاتُ السَّبْعُ وَالْأَرْضُ وَمَنْ فِيهِنَّ ۚ وَإِنْ مِنْ شَيْءٍ إِلَّا يُسَبِّحُ بِحَمْدِهِ وَلَٰكِنْ لَا تَفْقَهُونَ تَسْبِيحَهُمْ ۗ إِنَّهُ كَانَ حَلِيمًا غَفُورًا ٤٤

Тусаббиҳу лаҳу-с-самавату-с-сабъу ва-л-арЗу ва ман фӣҳинн. Ва им мин шай-ин илла юсаббиҳу би ҳамдиҳӣ ва лаки-л ла тафқаҳуна тасбӣҳаҳум. Иннаҳу кана ҳалӣман Ғафуро. 44.

44. Ҳафт Осмон ва Замин ва ҳар кӣ миёни онҳост, Ӯро ба покӣ ёд мекунад. Ва ҳеҷ чиз нест, магар бо ситоиш Ӯро ба покӣ ёд мекунад, валекин шумо тасбеҳ гуфтани онҳоро фаҳм намекунед. Албатта, Вай бурдбору омурзгор аст.

Ояти мазкур аз бо азамат будани Парвардигорро бо таъкиде, ки аз хаёлу гумону қиёсу ваҳми мушрикон бартар аст, хабар додааст, ки ҳама мавҷудоти ҷаҳон аз он ҷумла ҳафт осмону Замин ва ҳар чизе, ки дар байни онҳо ҳаст, ҳамагӣ Худоро тасбеҳ мегӯянд. Яъне мегӯянд, ки Худованди таъоло аз тамоми айбу нуқсонҳо пок аст. На танҳо осмонҳо ва Замин, балки тамоми мавҷудот бо забону бо услуби худ тасбеҳу ҳамд ва ситоиши Парвардигорро мегӯянд. Вале тасбеҳ гуфтани онҳоро шумо дарк намекунед. Бо ҳар ҳол Худованд Ҳалиму Ғафур аст, ба азоб додани шахсоне, ки осӣ (гунаҳгор) мешаванд, ё ширк меоранд, фавран шитоб намекунад, ба миқдори кофӣ онҳоро муҳлат медиҳад, дарҳои тавбаро барои онҳо кушода медорад. Бо ривояти Бухорӣ ва Муслим дар ҳадиси шариф омадааст, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: Мӯрчае бадани яке аз анбиё (а)-ро газид, пас Пайғамбар амр кард, то лонаи мӯрчагонро оташ заданд. Он гоҳ Худованд ба Ӯ ваҳй фиристод, ки ба хотири озори як мӯрча уммате аз умматҳоро, ки барои ман тасбеҳ мегуфтанд, оташ задӣ!?

Аз маънои ин ривоят ва дигар ривоятҳо, ки нақли ҳамаи онҳо ин ҷо муяссар нест, дармеёбем, ки тамоми ашё, хоҳ санг асту хоҳ чӯб, ё инс аст, ё ҷин, хазандааст, ё ҳашарот, парандааст, ё чаранда, хулоса, ҳама мавҷудот, вазифаи худро, ки Худовандро ба покӣ ёд кардан аст, иҷро мекунанд. Барои фаҳми бештар ба оёти 90-91-уми сураи «Марям» ва дигар оятҳои монанди ояти мазкур муроҷиат шавад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 45 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)