Тафсири Сураи Исро Ояти 43 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 43
سُبْحَانَهُ وَتَعَالَىٰ عَمَّا يَقُولُونَ عُلُوًّا كَبِيرًا ٤٣
Субҳанаҳу ва таъала ъамма яқулуна ъулувван кабӣро. 43.
43. Аз он чӣ дар борааш мегӯянд, Ӯ пок аст, бартару баланду бузург аст!
Ин ақида барои шахси мусалмон саҳеҳ аст, ки барои Худованд ҳеҷ шарике нест. Ғайр аз Худованд ҳеҷ Зоте сазовори ибодат ҳам нест. Худованд аз он чи мушрикон дар шаъни Ӯ мегӯянду нисбат медиҳанд ва меандешанд, поку бартару болотар аст.
Хулоса, Худованд аз ҳаргуна сифатҳои ноқис ва норавое, ки мушрикон, ба Ӯ нисбат медиҳанд, пок аст.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «