Сураи Исро Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 47

نَحْنُ أَعْلَمُ بِمَا يَسْتَمِعُونَ بِهِ إِذْ يَسْتَمِعُونَ إِلَيْكَ وَإِذْ هُمْ نَجْوَىٰ إِذْ يَقُولُ الظَّالِمُونَ إِنْ تَتَّبِعُونَ إِلَّا رَجُلًا مَسْحُورًا ٤٧

Наҳну аъламу би ма ястамиъуна биҳӣ из ястамиъуна илайка ва из ҳум наҷва из яқулу-з-золимуна ин таттабиъуна илла раҷула-м масҳуро. 47.

47. Вақте ки (мушрикон) ба сӯйи ту гӯш мениҳанд, бо сабаби он чизе ки (ба қасди естеҳзо) мешунаванд ва вақте ки онҳо розгӯён бошанд ва вақте ки ин ситамгорон мегӯянд: «Пайравӣ намекунед, магар марди ҷодукардаро» (ба ҳамаи ин) Мо донотарем.

Оид ба сабаби нозилшавии ояти мазкур муфассирон гуфтаанд: «Мушрикон дар ҳузури Пайғамбар (с) менишастанд ва вонамуд мекарданд, ки ба Қуръон гӯш медиҳанд ва (аммо) дар воқеъ мақсадашон тамасхур буд, онгоҳ ин оят барои тасаллӣ додани Расулуллоҳ (с) ва барои таҳдиди мушрикон нозил шуд».

Дар ин оят Худованд фармудааст, ки ҳангоме ки онҳо (яъне мушрикон) ба сӯйи ту гӯш фаро медиҳанд, Мо комилан медонем, ки онҳо бо чӣ ғараз Қуръонро мешунаванд. Ғарази онҳо аз гӯш додан ҳақиқатро фаҳмидан ва дар асоси гуфтаҳои Қуръон роҳи ростро ёфтан нест, балки фақат эътироз, истеҳзо, таъна ва маломат бо Қуръон ва бо Ту аст. Инчунин онҳо, то ин ки ҳангоми Қуръон хондани дигарон садоятро нашунаванд, барои ғулғулаву фарёд меоянд.

Вақте ки онҳо пас аз шунидани Қуръон бо ҳам гӯшакӣ (пинҳонӣ, пичирросзанон) суҳбат мекунанд, онро ҳам комилан медонем.

Он золимон мегӯянд, ки шумо мардум фақат касеро пайравӣ мекунед, ки ақли ӯ бар асари ҷоду дарҳаму бар ҳам ва ӯ девона шуда аз ҳадди эътидол хориҷ шуда аст.

Хулоса, мушрикони он аср назди Расулуллоҳ (с) на барои он меомаданд, ки суханҳои Расулуллоҳ (с)-ро бо гӯши ҷону дил бишнаванд ва дарки ҳақиқат кунанд, балки ҳадафашон он буд, ки биёянду халал расонанд ва то битавонанд муъминонро аз роҳи рост гумроҳ кунанд. Дар ҳақиқат, ба дили касе Худованд парда (ғилоф) занад ва гӯшашро аз шунидани суханҳои Ҳаққ кар кунад, ӯ назди шахсони роҳи ҳақ, ҷуз барои ҷосусӣ ва фасод наменишинад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 46 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)