Сураи Исро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 48 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 48

انْظُرْ كَيْفَ ضَرَبُوا لَكَ الْأَمْثَالَ فَضَلُّوا فَلَا يَسْتَطِيعُونَ سَبِيلًا ٤٨

Унзур кайфа Зарабу лака-л-амсала фа Заллу фа ла ястатӣъуна сабӣло. 48.

48. Бингар, чӣ гуна барои ту масалҳо заданд, пас, гумроҳ шуданд, роҳ ёфта наметавонанд.

Дар ин оят ҳам барои посухи мушрикон Пайғамбарамон (с) мавриди хитоб қарор гирифтаанд. Дар он Худованд фармудааст, ки бингар чӣ гуна мушрикон барои ту мисолҳо меоранд. Он гумроҳшудагон бо пиндори худ туро ҷодугар, сеҳрзада, коҳин, шоиру маҷнун мегӯянд. Ҳол он ки онҳо на роҳи ҳидоятро ёфтаанд ва на барои роҳи ҳақро ёфтан хоҳиш доранд. Ло ақал чандон таъна зада наметавонанд, ки ақл онро бипазирад. Онҳо фақат бар зидди шахсони роҳи ҳақ мубориза мебаранд. Боз онҳо мисоли дигаре оварда мегуфтанд:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 47 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 49 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)