Сураи Исро Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 58

وَإِنْ مِنْ قَرْيَةٍ إِلَّا نَحْنُ مُهْلِكُوهَا قَبْلَ يَوْمِ الْقِيَامَةِ أَوْ مُعَذِّبُوهَا عَذَابًا شَدِيدًا ۚ كَانَ ذَٰلِكَ فِي الْكِتَابِ مَسْطُورًا ٥٨

Ва им мин қарятин илла наҳну муҳликуҳа қабла явми-л-қийамати ав муъаззибуҳа ъазабан шадӣда. Кана залика фи-л-китаби мастуро. 58.

58. Ва ҳеҷ деҳае нест, магар он ки Мо онро пеш аз рӯзи қиёмат ҳалоккунанда ва ба азоби сахт азобкунандаем. Ин ҳукм дар китоб (Лавҳу-л-маҳфуз) навишта шуда аст.

Ин сарои дунё, сарои фонист, сарои охират сарои боқист. Инсон бояд омодаи дидани натиҷаи он бошад. Худованд дар ин оят аз он чи, ки дар Лавҳулмаҳфуз китобат кардааст, хабар медиҳад, ки ҳеҷ ободие, ё деҳаи кофирон дар рӯйи Замин нест, магар ин ки пеш аз омадани рӯзи Қиёмат дар навбати худ мо онро (аҳли онро) ҳалок, ё ба азоби шадид гирифтор хоҳем кард.

Хулоса, ҳар як диёре, ки сокинонаш кофир бошанд, ба Худо нофармонӣ кунанд ва Пайғамбаронро дуруғгӯ пиндоранд, то омадани Қиёмат, ногузир Худо онҳоро нобуд ва ё ба азоби сахт гирифтор мекунад. Ин ҳукм қатъист ва дар китоби илоҳӣ (Лавҳулмаҳфуз) сабт шудааст. Ин ҳукм қобили тағйир ёфтан ё дигаргун шуданро надорад. Таърих гувоҳ аст ва ин кор ҳақиқат аст ва ҳеҷ шубҳае дар он нест, ки Аллоҳ таъоло қавмҳои кофири саркашро мувофиқи гуноҳҳояшон ё ба азоб гирифтор намуд ва ё онҳоро несту нобуд сохт. Бинобар ҳукми ояти мазкур ин ҳодисаҳо идомадор буда, ҳушдорест барои қавмҳои саркаш. Акнун шахсоне, ки ақлу ҳуш доранд, бо дидан ва шунидани хабари чунин ҳодисаҳо, тавба мекунанд ва барои иҷрои амалҳоли солеҳ худро омода месозанд. Аммо шахсони саркаш ин ҳодисаҳоро бинанд ҳам, бовар намекунанд, ки сабаби ин ҳама расвогии онҳост. Агар чунин суханҳоро ҳатто аз Расулуллоҳ (с) шунаванд ҳам, боз муъҷизаи дигаре талаб мекунанд. Ҳоло дар ояти баъдӣ барои чӣ муъҷизаҳое, ки мушрикон мехоҳанд, оварда намешаванд, баён шудааст:


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)