Сураи Исро Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 57 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 57

أُولَٰئِكَ الَّذِينَ يَدْعُونَ يَبْتَغُونَ إِلَىٰ رَبِّهِمُ الْوَسِيلَةَ أَيُّهُمْ أَقْرَبُ وَيَرْجُونَ رَحْمَتَهُ وَيَخَافُونَ عَذَابَهُ ۚ إِنَّ عَذَابَ رَبِّكَ كَانَ مَحْذُورًا ٥٧

Улаика-л-лазӣна ядъуна ябтағуна ила Раббиҳиму-л-васӣлата айюҳум ақрабу ва ярҷуна раҳматаҳу ва яхофуна ъазабаҳ. Инна ъазаба Раббика кана маҳзуро. 57.

57. Касонеро ки кофирон онҳоро мепарастанд, (чун Исо, Узайр ва фариштагон) худи онҳо ба сӯйи Парвардигори хеш тақарруб (наздики)-ро талаб мекунанд, ки кадом яке аз онҳо наздиктар бошанд ва (камоли) раҳмати Ӯро умед доранд ва аз азоби Ӯ метарсанд. Ҳаройина, азоби Парвардигори ту сазовори он аст, ки аз он ҳазар кунанд.

Ояти мазкур далел ва раддияи дигар аст бар зидди мушрикон. Яъне агар мушрикон дар замони ҷоҳилият ҷинҳоро мепарастиданд, ҳоло онҳо мусалмон шуданд. Баъзе гурӯҳи мушрикон Узайр (а), ё ҳазрати Масеҳ (а), ё фариштагонро мепарастиданд, маълум аст, ки онҳо бандагони барҷастаи Худованд буда, худашон муштоқона роҳеро ҷустуҷӯ кардаанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Худованд наздик шаванд. Онҳо бо василаи тоъату ибодат ва бо амалҳои солеҳ аз ҳамдигар сабқат (пешгузарӣ) мекарданд. Ҳатто онҳо худашон бо хавфу раҷо аз раҳмати Парвардигор умедвору аз азоби Парвардигор барҳазар буданду метарсиданд. Зеро аз рӯйи сахтии азоби Парвардигор ва аз ваҳшати он, ҳама ба Худо паноҳ мебаранд.

Хулоса, ҳоли он худоҳои сохтае, ки мушрикон тарошидаанд ё аз хаёли худ бофтанд, дониста шуд. Онҳо бе иҷозаи Парвардигор қодир нестанд мушкилиеро аз дӯши онҳо бардоранд. Оё касоне, ки чунин сифат доранд, метавонанд Худои барҳақ ва маъбуди воқеъӣ бошанд? Акнун ҳоли бандагони бузург агар чунин бошад, пас ҳоли як санг, ё як чӯби тарошидаи беарзише, ки мушрикон онро шарики Худованд қарор медиҳанду мепарастанд, чӣ гуна аст? Худатон қазоват кунед! Ҳоли онҳо танҳо ҳайронӣ асту бас.

Васила: Ин калима дар Қуръони Маҷид дар ду оят яке дар ояти 51-уми сураи «Исро» ва дигаре дар ояти 35-уми сураи «Моида» омадааст. Маънои он бо иҷро кардани амалҳои шоиста ба Худованд наздикӣ ҷустан аст. Беҳтарин василае, ки бандагон ба сабаби он ба Худованд наздик мешаванд, аввалан имон ба Худо, ба расули Ӯ, барпо доштани намоз, адо кардани закот, рӯза доштани моҳи шарифи рамазон, ҳаҷ, умра, силаи раҳм ва ниҳону ошкор дар роҳи Худо нафақа додан аст.

Хулоса, тамоми амалҳои неке, ки инсонро аз суқуту пастӣ наҷот медиҳанд, васила шуда метавонанд. Ҳадаф аз шахсони бузург васила ҷустан худро дар хату роҳи онҳо қарор додану, бо барномаҳои онҳо ҳамоҳанг шудан аст. Чуноне ки онҳо Худовандро ибодат мекарданд, мисли онҳо Худоро ибодат кардану аз зиндаҳои онҳо дуъо гирифтан аст. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 56 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 58 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)