Тафсири Сураи Исро Ояти 59 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 59
وَمَا مَنَعَنَا أَنْ نُرْسِلَ بِالْآيَاتِ إِلَّا أَنْ كَذَّبَ بِهَا الْأَوَّلُونَ ۚ وَآتَيْنَا ثَمُودَ النَّاقَةَ مُبْصِرَةً فَظَلَمُوا بِهَا ۚ وَمَا نُرْسِلُ بِالْآيَاتِ إِلَّا تَخْوِيفًا ٥٩
Ва ма манаъана ан-н-нурсила би-л-айати илла ан каззаба биҳа-л-аввалун. Ва атайна самудан-н-нақата мубсиратан фа заламу биҳа. Ва ма нурсилу би-л айати илла тахвӣфа. 59.
59. Ва аз он, ки нишонаҳоро бифиристем, чизе Моро бознадошт, магар он ки пешиниён онро дурӯғ шумурданд ва ба Самуд модауштур додем, то нишонае бошад, пас, бар вай зулм карданд. Ва Мо нишонаҳоро ҷуз барои тарсонидан намефиристем.
Дар баёни сабаби нозилшавии ин оят чунин омадааст: “Замоне ки Расулуллоҳ (с) дар Макка буданд, мушрикони онҷобуда аз Расулуллоҳ (с) дархости муъҷиза карда гуфтанд: «Агар хоҳӣ, ки мо пайғамбар будани туро тасдиқ кунем, кӯҳи Сафоро тилло гардон, кӯҳҳои атрофи моро дашту ҳамвор кун, то мо дар фазои фарох зиндагӣ кунем ва дар ҷои инҳо боғу роғро барпо намоем». Ҳамоно Ҷабраил (а) назди Он ҳазрат (с) фуруд омад ва гуфт: «Агар хоҳӣ, дархости онҳо бароварда мешавад, локин муъҷизҳоро бинанду напазиранд ва имон наоранд, дигар ба онҳо муҳлат дода нашуда, бо шитоб рӯйи Замин аз онҳо тоза карда мешавад. Агар хоҳӣ онҳо чанде дар рӯйи Замин боқӣ монанд, ин ихтиёри шумост!».
Ҳамоно ояти мазкур барои посух нозил шуд ва дар он Худованд фармуд, ки Мо ба ҳама кор қодирем. Агарчанде барои исботи ҳақ ва рост будани пайғамбарии Муҳаммад (с) ба қадри кофӣ муъҷизаҳо фиристода шудааст, локин ҳеҷ чиз моро аз фиристодани муъҷизаҳои дилхоҳи мушрикон манъ карда наметавонад. Аммо дархости мушрикон чизе нест, ки ба он мувофиқат карда шавад. Агар гуфти онҳо иҷро гардад ва онҳо боз чун умматҳои пайғамбарони гузашта рафтор кунанду муъҷизаҳоро дурӯғ шуморанд ва имон наоранд, дар он сурат азоби аз беху бун несткунандаи Худованд бо шитоб ба сарашон хоҳад омад.
Сипас, ояти мазкур барои чунин шахсон мисоли айние оварда гуфтааст, ки чун қавми Самуд аз Солеҳ (а) муъҷиза (ҳодисаи фавқулодда) талаб карданд, Солеҳ (а) ба онҳо насиҳат кард ва ба онҳо гуфт, ки ин талаби шумо натиҷаи хубе надорад. Ин қадар муъҷизаи бузург барои имон овардани шумо шарт нест. Онҳо бошанд, имон оварданашонро шарт гузошта, бо исрор ба санги бузурге ишора карданд, то Солеҳ (а) аз он модашутуре барорад. Бо дуои ҳазрати Солеҳ (а), ҳамоно аз он санг, мувофиқи пешниҳодашон, модашутуре сар баровард. Онҳо бо чашмони худ ростгӯйи Солеҳ (а)-ро диданд. Вале онҳо имон наоварданд, ба қадри ин муъҷиза ва нишонаи бузург нарасида, онро аз байн бурданд. Дар натиҷа баъди се рӯз ҳамаи онҳо ба ҳалокат расиданд.
Он муъҷизаҳое, ки Худованд ба пайғамбарони Худ мефиристад, барои тарсонидани мардум ва барои ҳуҷҷат барпо кардан кифоя аст. Агар бо дидани онҳо имон наоранд, худро ислоҳ накунанд, чун азоб болои сарашон ояд, узрҳо гӯянд ҳам, барои онҳо дигар фоидае надорад.
Ибни Касир (р) гуфтааст, ки дар замони Ибни Масъуд (р) заминҷунбии шадид шаҳри Кӯфаро ларзонд. Ӯ (р) гуфт: «Ай мардум! Дар ҳақиқат Парвардигоратон шуморо итоб кард. Ҳоло бошад итоби Ӯро дарёбеду ба худ оед!» Ҳамчунин ривоят шудааст, ки дар аҳди Усмон (р) шаҳри Мадина чандин бор ларзид, пас ӯ (р) ба мардум хитоб намуда, фармуд: «Ба Худо қасам, ки агар заминларза такрор шавад, мебинед, ман ба шумо чӣ кор мекунам!»
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «