Тафсири Сураи Исро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 6
ثُمَّ رَدَدْنَا لَكُمُ الْكَرَّةَ عَلَيْهِمْ وَأَمْدَدْنَاكُمْ بِأَمْوَالٍ وَبَنِينَ وَجَعَلْنَاكُمْ أَكْثَرَ نَفِيرًا ٦
Сумма рададна лакуму-л-каррата ъалайҳим ва амдаднакум би амвали-в ва банӣна ва ҷаъалнакум аксара нафӣро. 6.
6. Сипас, шуморо бар онҳо ғалаба диҳем ва шуморо пай дар пай молҳо ва фарзандон диҳем ва шуморо бо эътибори лашкар бештар гардонем.
Эй бани Исроил, баъди тавба ва тазарруъе, ки шумо кардед, лутфи илоҳӣ бори дигар ба суроғи шумо омад ва шуморо болои он қавми ҳуҷумкунанда пирӯз гардонидем, шумо ғалабаро ба даст овардед. Сипас, ба василаи молу сарват ва фарзандон, то ин ки аз онҳо дида адади шумо зиёд шавад, шуморо ёрӣ ва қувват бахшидем, то шояд, ба худ оед ва ба некиҳо рӯй оред ва дар пайи салоҳи хештан шавед. Ояти зер ин муқаддимаро идома медиҳад:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «