Сураи Исро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 7 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 7

إِنْ أَحْسَنْتُمْ أَحْسَنْتُمْ لِأَنْفُسِكُمْ ۖ وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا ۚ فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ الْآخِرَةِ لِيَسُوءُوا وُجُوهَكُمْ وَلِيَدْخُلُوا الْمَسْجِدَ كَمَا دَخَلُوهُ أَوَّلَ مَرَّةٍ وَلِيُتَبِّرُوا مَا عَلَوْا تَتْبِيرًا ٧

Ин аҳсантум аҳсантум ли анфусикум ва ин асаътум фа лаҳа. Фа иза ҷаа ваъду-л-ахирати ли ясу-у вуҷуҳакум ва ли ядхулу-л-масҷида кама дахалуҳу аввала маррати-в ва ли ютаббиру ма ъалав татбӣро. 7.

7. Агар некӯкорӣ кунед, барои худ некӯ карда бошед. Ва агар бадкорӣ кунед, пас, он бадӣ ба зарари худи шумост, пас, чун ваъдаи дигар биёяд, боз бандагони Худро бифиристем, то рӯи шуморо нохуш созанд ва то ба масҷид дароянд, чуноне ки бори аввал даромада буданд ва то он чиро, ки бар он ғолиб шаванд, ҳалок кунанд.

Аллоҳтаъоло дар ин оят хитоби Худро нисбати бани Исроил давом дода, чунин гуфтааст, ки ҳар касе хубӣ кунад, барои худ мекунад, агар бадӣ кунад ҳам барои худ мекунад. Оре! Ин қоидаи умумист ва барои ҳама баробар аст. Аз он ҷумла, барои бани Исроил. Ҳар кореро инсон анҷом диҳад мувофиқ ба он, чи дар дунё ва чи дар охират, ҷазо ё мукофот мегирад. Агар бори дигар бани Исроил даст ба фасодӣ дар рӯйи Замин зананду сабаби фитнаву фасод дар рӯйи Замин шаванд, ваъдаи дигаре аз Мо фаро мерасад. Боз гурӯҳе аз размондагони Мо болои шумо юриш мебаранд, чунон балоеро ба саратон меоваранд, ки аз рӯйҳои шумо нишонаи ғаму андӯҳ ҳувойдост. Онҳо бори аввал дохили Масҷидулақсо шуданд, боз Байтулмуқаддасро аз дасти шумо мегиранду дохили он мешаванд. Бо ин ҳама қаноъат накарда, тамоми сарзаминҳои ишғолкардаатонро вайрон карда, барҳаму дар ҳам мекӯбанд.

Дар ин ҷо ҳам барои фаҳмотар гаштани шарҳи ояти мазкур қисми дигари ҳадиси Расулуллоҳ (с)-ро бо ривояти Ҳузайфа (р) меорем, ки онро Қуртубӣ дар тафсири худ оварда аст: «… вақте ки бани Исроил (баъд аз озод шудан аз асорат) ба Байту-л-муқаддас баргаштанд ва тамоми амвол ва васоилашон дар ихтиёрашон қарор гирифт, (боз) ба сӯйи нофармонӣ ва кирдори нописанд баргаштанд. Онгоҳ Худованд қайсари Румро бар онҳо ғолиб гардонид. Мурод аз ояти «… пас, чун биояд ваъдаи дигар, бифиристем бандагони худро, то нохуш созанд рӯйи шуморо…» ҳамин воқеъа аст. Қайсари Рум аз роҳи баҳрӣ ва хушкӣ бар онҳо тохт, бисёреро кушт ва асир кард ва боз тамоми он амволро… бо худ бурд…»


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 8 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)