Сураи Исро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 5

فَإِذَا جَاءَ وَعْدُ أُولَاهُمَا بَعَثْنَا عَلَيْكُمْ عِبَادًا لَنَا أُولِي بَأْسٍ شَدِيدٍ فَجَاسُوا خِلَالَ الدِّيَارِ ۚ وَكَانَ وَعْدًا مَفْعُولًا ٥

Фа иза ҷаа ваъду улаҳума баъасна ъалайкум ъибада-л лана улӣ баъсин шадӣдин фаҷасу хилала-д-дийар. Ва кана ваъда-м мафъула. 5.

5. Пас, чун ваъдаи нахустини аз он ду ваъда фаро расад, бандагони Худро, ки соҳибони корзори сахтанд, бар шумо бифиристем, пас, миёни хонаҳо ба ҷустуҷӯ дароянд. Ва ҳаст ваъдаи Худо иҷрошуданӣ.

Ояти мазкур бо шарҳи яке аз он ду фасодкории бани Исроил пардохта мефармояд, ки пас, вақте ки аз он ду навбат замони навбати нахуст фаро расад, (бар ивази ғӯтавар гаштанатон дар гуноҳ, фасодкорӣ, зулм ва мухолифат бо ҳукми Худованд), бандагонеро, ки дар ҷанг нерӯйи пурқувват доранд, бар шумо ғолиб мегардонем. Он зӯроварони ҷангҷӯ дар ҳама ҷо хона ба хона гашта, андаруни хонаҳоятонро ҷустуҷӯ намуда шуморо ёфта, бе ҳеҷ тарс, бебокона ба қатл мерасонанд ва амволатонро ғорат мекунанд ва ин таҳдиди Худованд амалӣ ва хоҳ нохоҳ, албатта, анҷом меёбад.

Барои пурратар гаштани шарҳи ин оят қисми ҳадиси тӯлониеро, ки Ҳузайфа (р) аз Расулуллоҳ (с) ривоят кардааст ва онро Қуртубӣ дар тафсири худ овардааст, ба диққати хонанда во мегузорем: «… вақте бани Исроил ба нофармонии Худо ва гуноҳон ва каҷрафторӣ мубтало шуданд, анбиё алайҳиссаломро ба қатл расониданд, Худованд Бухтуннасрро бар онҳо мусалллат гардонид, ки шахси маҷусӣ буд. Ӯ ҳудуди ҳафтсад сол бар Байтул Муқаддас ҳукумат кард ва дар Қуръони Карим мурод аз ояи «Пас, чун биёяд ваъдаи нахустини аз он ду бифиристем бар шумо бандагони худро соҳибони корзори сахтро…» ҳамин воқеъа аст.

Қӯшуни Бахттунаср ба масҷиди Қудс (Ақсо) ворид шуданд, мардонро кушта, зан ва бачаҳоро ба асорат гирифтанд ва тамоми амволи Байтул-Муқаддасро аз тилло ва нуқра ва ҷавоҳирот… ҳамл карда бурданд…».


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 4 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 6 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)