Тафсири Сураи Исро Ояти 60 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 60
وَإِذْ قُلْنَا لَكَ إِنَّ رَبَّكَ أَحَاطَ بِالنَّاسِ ۚ وَمَا جَعَلْنَا الرُّؤْيَا الَّتِي أَرَيْنَاكَ إِلَّا فِتْنَةً لِلنَّاسِ وَالشَّجَرَةَ الْمَلْعُونَةَ فِي الْقُرْآنِ ۚ وَنُخَوِّفُهُمْ فَمَا يَزِيدُهُمْ إِلَّا طُغْيَانًا كَبِيرًا ٦٠
Ва из қулна лака инна Раббака аҳата би-н-нас. Ва ма ҷаъална-р-руъйа-л латӣ арайнака илла фитната-л ли-н-наси ва-ш-шаҷарата-л-малъуната фи-л-Қур-ан. Ва нухаввифуҳум фа ма язӣдуҳум илла туғянан кабӣро. 60.
60. Ва (ба ёд ор) чун туро гуфтем, ки ҳамоно, Парвардигори ту ҳамаи мардумро фаро гирифтааст ва хоб (меъроҷ)-еро, ки (дар шаб) ба ту намоёнидем ва ҳамчунин дарахт (зақум)-и дар Қуръон лаънаткардашударо ба ҷуз имтиҳон (чизи дигар) барои мардум насохтем. Ва метарсонем онҳоро, пас (тарсонидан), ба ҷуз саркашии бузург барои онҳо чизеро намеафзояд.
Табиъист, ки ҳамеша дар баробари даъвати Пайғамбарон (а) гурӯҳи покдиле пайдо мешуд, ки ба онҳо имон меоварданд ва гурӯҳи мутаасибе вуҷуд дошт, ки алайҳи онҳо ба душманӣ бармехостанд. Ҳоло аз мазмуни ин оят эҳтимол меравад, ки аз хотири мубораки Расулуллоҳ (с) гузашт, ки чун орзуҳои мушрикон бароварда нашуд, вақте мерасад, ки таънаву истеҳзои мушрикон зиёд шуда мумкин аст, онҳо бигӯянд: «Агар ин кас пайғамбар мешуду дар суханҳои худ содиқ мебуд, бояд тибқи хоҳиши мо муъҷизаҳо нишон медод». Аллоҳ таъоло дар ин оят ба пайғамбари Худ Муҳаммад (с) сабаби фиристода нашудани муъҷизаи дархостнамудаи мушриконро баён намуда, Ӯ (с)-ро таскин дода гуфтааст, ки дар ёд ор ҳангомеро ки Мо ба ту гуфтем Парвардигорат бо илми Худ аз ҳоли ҳамаи мардум ба хубӣ огоҳ аст. Аз он ҷумла, аз дархости муъҷизаи мушрикон, аз сафсатафурӯшиҳо ва дар шаъни ту чиҳо гуфтани онҳо. Ҳамаи онҳо таҳти илму қудрати Мо қарор доранд. Агар онҳо аз ту рӯйгардон шаванд ҳам, аз Мо азоб шудани онҳоро бо шитоб талаб накун.
Ту даъвату таблиғи худро идома деҳ. Рӯзе мешавад, ки аз ҳама тараф болои онҳо барои ту ғалаба даст медиҳад! Мо дар воқеъаи Меъроҷ дар ҳолати бедорӣ диданиҳои лозимро ба ту ба таври аён нишон додем. Дар он ҳол дарахтеро, ки дар Қуръон мазаммат шуда аст, яъне дарахти Зақумро, ки дар Ҷаҳаннам мерӯяд (ояти.63, сураи «Соффот») ва ӯ таъоми кофирон ва гунаҳкорон аст (ояти.48, сураи «Духон»), низ барои ту нишон додем.
Ин нишон доданиҳо барои озмоиш ва имтиҳони мардум буд. Зеро Пайғамбар (с) баъд аз бозгашт, мушоҳидаҳои худро дар Меъроҷ, барои онҳо нақл карданд. Чунончи дидани боғҳои Ҷаннат ва табақаҳои Дӯзахро ва дидани дарахти Заққумро дар қаъри Дӯзах. Мардуми Макка бо шунидани ин қисса се гурӯҳ шуданд. Мӯъминон ба гуфтаҳои Расулуллоҳ (с) бовар карданд, чун Абӯбакри Сиддиқ (р), ки баъди изҳори ин боварӣ ба лақаби Сиддиқ (хеле ва хеле ростгӯй)-ро соҳиб шуд. Ақли баъзе навимоновардагон ин муъҷизаи бузургро ғунҷоиш дода натавонист ва аз дин гашта муртад ҳам шуданд. Мушрикон сарусадо баланд карда ин нақлро дурӯғ пиндошта, инкор намуданд.
Меъроҷро барои он дурӯғ пиндоштанд, ки шабона дар муддати кӯтоҳе аз Макка то Байтулмуқаддас ва сипас ба осмонҳо боло рафтан дар назари онҳо мумкин набуд. Дурӯғ ҳисобидани мавҷудияти дарахти Заққум дар Дӯзах аз ин ҷиҳат буд, ки онҳо гумон доштанд чӣ гуна метавонад дар дохили оташ дарахти сабз боқӣ бимонад.
Хулоса, фаҳми кӯтоҳи онҳо қабул накард, ки дар фосилае аз шаб ин қадар масофаи тӯлонӣ тай ва бо осмонҳо баромада шавад, инчунин дар қаъри Дӯзахи тасфони пуроташ дарахте бошад. Онҳо нафаҳмиданд, ки бидуни шак, дарахти Заққум (дарахти лаънатшуда) ба дарахтҳои дунёӣ ҳеҷ шабоҳате надорад. Зеро рӯйидани чунин дарахт марбут ба ҷаҳони дигар аст, ки назди қудрати Худованд ҳеҷ мушкилие надорад. Худованд ба ҳама кор Қодир ва Тавоност.
Чун Пайғамбари Аллоҳ нақли худро оид ба чизҳои дар шаби Мероҷ дида буд, суханашонро ба охир расониданд, мушрикон, аз он ҷумла Абуҷаҳли лаъин ва ҳамсафони ӯ ба мусалмонон гуфтанд: «Рафиқи шумо ба ин пиндор аст, ки оташи Ҷаҳаннам сангро месӯзонад, аммо айни ҳол мегӯяд, ки дар Ҷаҳаннам дарахт мерӯяд, охир ин чӣ гуна мумкин аст, мо чи хел метавонем ӯро бовар кунем?». Барои он, ки мушрикон бисёр ҳаросон нашаванд духтаракеро дастур дод, то миқдоре аз хурмо ва қаймоқро дар ҳам омезаду пеши ӯ биёрад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «
Духтарак чун он омехтаро биёвард, онгоҳ аз рӯйи масхара ба ёронаш гуфт: «Аз гуфтаҳои ӯ ҳаросон нашавед. Заққум ҳамин аст, биёед бо ҳам Заққум бихӯрем!». Ин аст одати мушрикон, ки оятҳои Қуръонро ба масхара мегирифтанд, ҳарчи қадар барои биму тарс додани онҳо оятҳои Қуръон нозил мешуд, боз ҳам ба ғайр аз дар куфр бештар фурӯ рафтан, чизи дигар дар онҳо зиёд намешуд. Оре! Худованд касеро гумроҳу хору расво кунад, ба пайғамбарон дар муноқиша мешавад.