Сураи Исро Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 65

إِنَّ عِبَادِي لَيْسَ لَكَ عَلَيْهِمْ سُلْطَانٌ ۚ وَكَفَىٰ بِرَبِّكَ وَكِيلًا ٦٥

Инна ъибадӣ лайса лака ъалайҳим султан. Ва кафа би Раббика вакӣла. 65.

65. Ҳаройина, туро бар бандагони Ман ҳеҷ қудрате нест. Ва Парвардигори ту аз рӯи корсозӣ кофӣ аст.

Худованд дар идома сухани Хеш ба шайтон гуфт, ки эй шайтон ҳар касе, ки бандаи ҳақиқии Ман бошад, дили ӯ бо имон саршор бошад, бандагии худро бо тоъату ибодат зиннат диҳад, ҳаргиз наметавонӣ бо васвасаҳои худ ба ӯ таъсир расонӣ ва ҳеҷ наметавонӣ ӯро тобеъи худ гардонӣ. Ту фақат метавонӣ, ки кори гуноҳро дар назарашон ороишу ҷилва диҳӣ. Бандагони мухлис доимо ба ман такя мекунанд, ман ҳам кайд (найранг)-и туро аз онҳо дур месозаму аз васвасаҳои ту онҳоро дар паноҳи хеш нигоҳ медорам. Корсозии ман барои онҳо кифоя аст. Дар ҳадиси шариф бо ривояти Имом Аҳмад аз Абӯҳурайра (р) омадааст, ки Расулуллоҳ (с) гуфтанд: «Дар ҳақиқат шахси муъмин метавонад шайтонҳои худро ром (лаҷомзада) гардонад, чуноне ки яке аз шумо уштури хешро дар сафар ба фармони хеш медароред».


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 66 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)