Сураи Исро Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 64 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 64

وَاسْتَفْزِزْ مَنِ اسْتَطَعْتَ مِنْهُمْ بِصَوْتِكَ وَأَجْلِبْ عَلَيْهِمْ بِخَيْلِكَ وَرَجِلِكَ وَشَارِكْهُمْ فِي الْأَمْوَالِ وَالْأَوْلَادِ وَعِدْهُمْ ۚ وَمَا يَعِدُهُمُ الشَّيْطَانُ إِلَّا غُرُورًا ٦٤

Вастафзиз манистатаъта минҳум би савтика ва аҷлиб ъалайҳим би хайлика ва раҷилика ва шарикҳум фи-л амвали ва-л-авлади ва ъид ҳум. Ва ма яъидуҳуму-ш шайтону илла ғуруро. 64.

64. Ва ҳар киро аз онҳо бо садои худ тавонӣ, дар ҳаракат дарор ва бар онҳо лашкари савора ва пиёдагарди худро барангезу битозон ва ба онҳо дар молҳо ва фарзандонашон шарик шав ва ваъда деҳ!». Ва шайтон онҳоро ваъда намедиҳад, магар (барои) фиребу найранг.

Дар ин оят Худованд бо сиғаи амр таҳдид карда, ба шайтон гуфтааст, ки ба кадом фарзанди одаме, ки қувватат расаду битавонӣ, бо овози васвасаангези худ ӯро васваса кун, дар ҳаракат дарор, садо кун, иғво кун ва ӯро ба тарафи худ ҷалб кун ва агар битавонӣ, ба тарафи онҳо бо сипоҳи савора ва пиёдагарди худ лашкаркашӣ куну онҳоро аз роҳашон гумроҳ соз ва ба сӯйи маъсияти Парвардигор даъваташон кун! Чӣ ҳунару ҳилае, ки дорӣ, барои гумроҳ сохтани онҳо сарф бикун! Ҳатто дар молҳои онҳо ва дар авлоду фарзандони онҳо шарик шав! Касонеро, ки ба ту пайравӣ мекунанд, бо васвасаҳои худ ҳавасманд куну ба онҳо ваъда деҳ, ки натарсед, на Биҳишт даркору на Дӯзах, аз сари нав зиндашудан нест! Давоми оят нодурустии ваъдаҳои шайтонро ёдрас карда гуфтааст, ки шайтон ваъдаҳои худро фоидаовар ҷилва медиҳад. Лекин ваъдаҳои ӯ ба ғайр аз фиребу найранг ва инсонро ба ғурур афгандан кори дигаре нест. Ӯ инсонро васваса карда, ҳатто мегӯяд, ки Худованд бахшанда аст, туро мебахшад, ҳозир ту ҷавон ҳастӣ, давраи ҷавониро бо лаззат гузарон, фикри оқибати амали гуноҳро накун ва амсоли он.

Акнун чанд сухан дар бораи шарҳи ибораи шарик шудани шайтон дар молу авлоди инсон. Ҳар моле, ки тасарруфи он хилофи роҳу равиши шариъат бошад, шайтон дар он бо васвасаҳои худ шарик аст. Мисол: чун замони ҷоҳилият сарфу харҷи мол барои назри сохтахудоҳо, ё назр кардани фарзанд ба мазор, ё забҳи ҳайвони назршуда назди мазор. Инчунин ғасби (аз худ кардани) моли касе, дуздӣ, ришва, туҳмат, қимор, хиёнат ва ғайра. Аммо мушорикати шайтон дар авлод он аст, ки бо роҳи ғайришаръи фарзанд овардан, номгузории фарзандон бо номҳои ғайри шаръӣ мисли Абдулот, Абдулуззо. (Яъне, бандаи Лот, бандаи Уззо ном гузоштан, ки Лот ва Уззо бутҳои қурайшиҳо буданд). Нест кардани фарзандон аз тарси фақр, зинда ба гӯр кардани фарзандон чун замони ҷоҳилият, тарбияи онҳо дар ойини куфр.

Хулоса, ҳар амали хилофи шаръ, аз инсон содир шавад, шайтон дар он шарик аст. Ҳарду (яъне ҳам шайтон ва ҳам инсони пайрав) рӯзи қиёмат ба ҷазо кашида хоҳанд шуд. Дар ҳадис омадааст: «Агар яке аз шумо хоҳед бо ҳамсари худ ҳамбистар шавед, бигӯед: Бисмиллоҳ, аллоҳумма, ҷаннибнаш-шайтона ва ҷаннибиш шайтона мо разақтано». Яъне ба номи Худо. Худоё! Моро аз шайтон барканор гардон ва шайтонро аз он чӣ, ки моро рӯзӣ додаӣ, барканор кун!. Пас, агар ба сабаби ин ҳамбистарӣ фарзанде тақдир шуда бошад, ҳаргиз шайтон ба ӯ зараре расонида наметавонад». Хитоби Аллоҳ таъоло ба шайтон дар ояти зер идома дорад.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 63 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 65 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)