Сураи Исро Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 75

إِذًا لَأَذَقْنَاكَ ضِعْفَ الْحَيَاةِ وَضِعْفَ الْمَمَاتِ ثُمَّ لَا تَجِدُ لَكَ عَلَيْنَا نَصِيرًا ٧٥

Иза-л ла азақнака Зиъфа-л-ҳайати ва Зиъфа-л-мамати сумма ла таҷиду лака ъалайна насӣро. 75.

75. Албатта, он гоҳ туро дучанд азоби зиндагонӣ ва дучанд азоби маргро мечашонидем, сипас, барои худ ва барои дафъи азоби Мо мададгоре намеёфтӣ!

Худованди Олими сир ва хфиёт дар ин оят ба Расули Худ (с) хитоб намудааст, ки агар ту ба гуфтаҳои мушрикон андак майл мекардӣ, ё моил будани худро заррае маълум месохтӣ, ҳатман дар дунёву охират нисбат ба мушрикон ба Ту азоби дучанд муъайян мекардем ва он гоҳ касеро ёфт карда наметавонистӣ, ки ин азобро аз ту дафъ кунад! Бар ҳар мусалмоне, ки ин оятҳоро тиловат мекунад, лозим аст, ки дар бораи сифатҳои Ҷалолӣ ва Ҷабарутии Ҳақ таъоло амиқ андеша кунад ва дуъои он ҳазрат (с)-ро бихонад. Дуо ин аст: «Аллоҳумма то такилни ило нафси тарфата ъайн» Худовандо! Маро миқдори як чашм задан дар ихтиёри нафсам магзор!


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)