Тафсири Сураи Исро Ояти 74 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Исро Ояти 74
وَلَوْلَا أَنْ ثَبَّتْنَاكَ لَقَدْ كِدْتَ تَرْكَنُ إِلَيْهِمْ شَيْئًا قَلِيلًا ٧٤
Ва лав ла ан саббатнака лақад китта таркану илайҳим шай-ан қалӣла. 74.
74. Ва агар на он будӣ, ки Мо туро собит доштем, дар ҳақиқат, наздик будӣ, ки ба сӯйи онҳо андаке майл кунӣ.
Баъзе муфассирон сабаби нузули ин оятро аз Саъд бини Ҷубайр (р) ривоят карда чунин гуфтаанд: Расули Худо машғули салом кардани Ҳаҷаруласвад буд, ки мушрикон монеъи ӯ (с) шуда гуфтанд: «Агар бар худоёни мо дасте накашӣ (яъне худоёни моро бо даст молиш надиҳӣ) дигар бор иҷоза намедиҳем, ки Ҳаҷаруласвадро салом кунӣ!». Расулуллоҳ бо худ гуфт: «Худованд медонад, ки аз он чи мушрикон ба ман таклиф доранд, дар дили худ нафрат дорам. Ҳоло бар ман чӣ зиёне хоҳад дошт, ки барои муросо даст бар бутҳои онҳо бикашам ва баъд ба ман иҷозаи саломи Ҳаҷаруласвадро бидиҳанд». Аммо Худованд бо нозил кардани ояти мазкур аз Расули худ андак майлро ҳам нахоста, гуфт ки агар туро бар ҳақ собитқадам ва устувор намедоштем ва туро маҳфуз (ҳимояшуда, боисмат) аз гуноҳ намекардем, наздик буд, ки васвасаҳои онҳо дар дили ту таъсир мекард ва ту ба сӯйи онҳо майл ва бо онҳо созиш мекардӣ. Вале исмати Мо туро дарёфт ва аз камтарин майл ба онҳо туро боз дошт.
Хулоса, Расулуллоҳ (с) бисёр мехост ва бисёр рағбат дошт, то ҳама мардум муъмину мусалмон шаванд. Баъзан тадбирҳо меандешид, то бо даъвати худ бо сардорони мушрикон муросо кунад, то онҳо ҳидоят шаванд. Боре Расулуллоҳ (с) бо сарони мушрикҳо дар сухан буд, Абдуллоҳ ибни Умми Мактум ба назди Расулуллоҳ (с) омад, аз сабаби он, ки ӯ (р) нобино буд, вазъиятро нафаҳмид, дар байни сухани Расулуллоҳ (с) ворид шуда савол кард. Ӯ (с) нороҳат шуд, андаке рӯтурушӣ кард. Ҳамоно чанд ояти сураи «Абаса» ҳамчу итоб барои собитқадам нигоҳ доштани ӯ (с) нозил шуд. Агар Расулуллоҳ (с) андаке ба таклифҳои мушрикон майл мекард, чӣ мешуд? Ояти зер ба ин савол посух аст:
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «