Сураи Исро Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 76

وَإِنْ كَادُوا لَيَسْتَفِزُّونَكَ مِنَ الْأَرْضِ لِيُخْرِجُوكَ مِنْهَا ۖ وَإِذًا لَا يَلْبَثُونَ خِلَافَكَ إِلَّا قَلِيلًا ٧٦

Ва ин каду ла ястафиззунака мина-л-арЗи ли юхриҷука минҳа ва иза-л ла ялбасуна хилафака илла қалӣла. 76.

76. Ва ҳамоно, наздик буданд, ки туро аз Замин (Макка бо фикри худ) билағжонанд, то туро аз он ҷо берун кунанд ва он гоҳ, пас аз ту диранг накунанд, магар андаке.

Сабаби нузули ин оят дар баъзе ривоятҳо чунин омадааст: “Мушрикон (ё баъзе аз яҳудиён) аз рӯйи ғаразе, ки ба Расулуллоҳ (с) доштанд ва то ин ки даъваташ хомӯшу беасар шавад, ба ӯ (с) гуфтанд: «Агар ту ба рости пайғамбар бошӣ, дар ин сарзамине, ки ба пайғамбарии ту ҳеҷ муносибате надорад, чӣ кор мекунӣ?. Ба диёри Шом рав, зеро аксари анбиё (а) дар диёри Шом гузаштаанд.” Аз шунидани чунин суханҳо, Расулуллоҳ (с) дар андеша шуданд, ки оё аз Ҷазиратул-араб берун мерафта бошам?. Ин буд, ки ояти мазкур нозил шуд.” Худованд дар он ба Расули Худ (с) хабар дод, ки наздик буд, ки мушрикон бо васвасаву найранг ва бо нақшаи моҳиронаашон туро аз шаҳри Макка берун кунанд. Сипас давоми оят ба мушрикон ҳушдор додааст, ки агар онҳо коре мекарданд, ки туро аз Макка хориҷ мекарданд, албатта, ба ғайр аз муддати андаке онҳо дигар дар рӯйи Замин боқӣ намонда, ҳама нобуд мешуданд. Зеро ингуна кор гуноҳи бузург аст. Оё роҳбари дилсӯзро аз диёри худ берун кардан, ин бузургтарин носипосию куфрони неъмат нест? Чунин тоифа дигар чӣ шоистагӣ доранд, ки дар рӯйи Замин боқӣ бимонанд?

Хулоса, онҳо мехостанд туро аз шаҳри Макка берун кунанд, локин Худованд нахост бо ин роҳ онҳоро ҳалок кунад. Бинобарин, онҳоро муваффақ нагардонид. Баъди амалӣ нашудани ин пешниҳод, мушрикон дар маҷлисгоҳи худ (Доруннадва) бори дигар иттифоқ карданд, ки бояд Муҳаммад кушта шавад… Аммо Павардигори меҳрубон ин дафъа ҳам нахост, ки бошандагони мушрики Макка, дар натиҷаи амали шумашон, мисли қавми Нӯҳ (а) ва қавми дигар пайғамбарон (а), дар ҳол бо офате аз бехубун нобуд шаванд. Аллоҳ таъоло амр намуд, то Расулуллоҳ (с) аз шаҳри Макка ба қасди Мадина худаш хориҷ шавад. Валлоҳу аълам.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 75 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)