Сураи Исро Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Исро Ояти 77 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Исро Ояти 77

سُنَّةَ مَنْ قَدْ أَرْسَلْنَا قَبْلَكَ مِنْ رُسُلِنَا ۖ وَلَا تَجِدُ لِسُنَّتِنَا تَحْوِيلًا ٧٧

Сунната ман қад арсална қаблака ми-р русулина. Ва ла таҷиду ли суннатина таҳвӣла. 77.

77. Монанди равиши касоне аз пайғамбарони Мо, ки онҳоро пеш аз ту фиристодаем ва барои дастури Мо дигаргуние нахоҳӣ ёфт.

Худованд барои тасалии Расули худ (с) дар ин оят ба маънои ояти қаблӣ ишора намуда фармудааст, ки ин амали мушрикон, ки нисбати ту раво диданд, хос барои мушрикони араб нест. Умматҳои пайғамбарони пеш аз ту гузашта ҳам, чунин амалҳоро ба пайғамбаронашон раво медиданд. Пайғамбаронро мазоҳу масхара мекарданд, аз байни худ хориҷ мекарданд, ё онҳоро ба қатл мерасониданд, Хулоса, роҳу равиши ингуна тоифаҳо чунин буд ва ҳаст. Дар натиҷа, Худованди Ту бинобар қонун ва суннати худ онҳоро аз бехубун несту нобуд месохт, ё бар онҳо азоби худро нозил мекард. Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ин қонуни Худовандро дигаргун карда наметавонист. Оё мушрикон Расулуллоҳ (с)-ро аз ватани худ хориҷ накарданд? Посух ин аст, ки ӯ (с) бо фармони Парвардигори хеш аз он диёр ҳиҷрат кардаанд. Агар Расулуллоҳ (с)-ро ихроҷ мекарданд чуноне ки дар эзоҳи ояти қаблӣ гузашт онҳо бояд аз бехубун несту нобуд мешуданд. Локин Худованд инро нахост. Оятҳои зерин хитоб ба Расулуллоҳ (с) аст.


Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Исро Ояти 76 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Исро Ояти 78 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)