Тафсири Сураи Исро – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи «Исро» дар Макка нозил шуда дорои 111 оят аст.
Барои он ин сура «Исро» номида шуд, ки дарбаргирандаи хабари оид ба муъҷизаи бузургест, ки дар яке аз шабҳо рух додааст. Он сайр додани Расулуллоҳ (с) аз Макка ба сӯйи масҷиди Ақсо ва аз онҷо ба осмонҳо аст, ки дар порае аз шаб ба вуқӯъ пайвастааст.
Дар ҳақиқат барои Расулуллоҳ (с) ин ҳодиса аз ҷониби Парвардигор як гиромидошти беназир аст. Сура баъзе саҳифаҳои таърихи яҳудиёнро низ дар бар мегирад. Аз ин сабаб ин сураро сураи «бани Исроил» низ ном мебаранд. Сураи мазкур чун сураҳои дар Макка нозилшуда дар хусуси ақида, аслҳои динӣ, сухан ронда, махсусан ба масъалаи тавҳид (Худоро якка шинохтан), пайғамбарӣ ва ба зинда гардонидан баъд аз миронидан эътибори алоҳида додааст. Сураи мазкур бо баёни муъҷизаи «Исро» оғоз шуда, қудрати беинтиҳои Парвардигор дар он инъикос шудааст. Баъдан дар шаъни Мӯсо (а) ва қавми ӯ (а)-(бани Исроил) сухан меравад.
Чуноне ки қурайшиҳо аз Муҳаммад (с) муъҷизаҳои бисёр талаб карданд. Бани Исроил ҳам, аз Мӯсо (а) муъҷизаҳои моддии бисёрро талаб мекарданд. Сипас порчае аз қиссаи Одам (а) ва иблиси лаъин баён мешавад. Баъдан дар бораи муъҷизаи абадӣ (Қуръони карим), ки бар Муҳаммад (с) нозил шудааст ва иззату икроми бани Одам ва ҳамчунин дар бораи рӯҳ низ дар ин сура оятҳое ба чашм мерасанд. Барои ибрат аз қиссаи Нӯҳ (а) ва муъҷизаи Мӯсо (а) низ сухан ба миён омадааст. Сура бо оятҳои бузургии Қуръонро васфкунанда ва аз сифатҳои нуқсон пок донистани Парвардигор ба охир мерасад.
Сураи мазкур вақте нозил шуд, ки изо ва алам додани мушрикон бар мусалмонҳо бисёр буд. Соле буд, ки Пайғамбари Аллоҳро аз ҳуҷуми мушрикон инсонҳои ҳимоякунанда (амакашон Абӯтолиб ва моддарамон Хадиҷа (р) вафот карданд. Дар чунин вақти мудҳиш ҳодисаи меъроҷи Расулуллоҳ ба вуқӯъ пайваст. Ин буд нигоҳи мухтасаре ба мазмуни сураи «Исро».
Рӯйхати оятҳои Сураи Исро «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «