Тафсири Сураи Нахл Ояти 128 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Наҳл Ояти 128
إِنَّ اللَّهَ مَعَ الَّذِينَ اتَّقَوْا وَالَّذِينَ هُمْ مُحْسِنُونَ ١٢٨
Инналлоҳа маъа-л лазӣна-т-тақа-в ва-л-лазӣна ҳум-м муҳсинун. 128.
128. Ба дурустӣ ки Худованд бо парҳезгарон аст ва (бо) касоне ки онҳо некӯкоранд.
Агар Худованд ҳамроҳи касе бошад, дар ҳарду ҷаҳон, албатта, бурд бурди ӯст. Гузашти айём нишон дод, ки макри ҳеҷ найрангбоз ба Муҳаммад (с) таъсир набахшид. Бинобар ин, аз тақводорӣ ва аз иҷрои амалҳои писандида инсон набояд дар канор бошад.
Бо ибораи дигар, оятҳои охири сураи мазкур (яъне 125, 126, 127, 128) барои шахсоне, ки мардумро ба роҳи Худо даъват мекунанд, қонун ва барномаи асосӣ аст. Онҳо ба ин чаҳор ояте, ки даҳ сифати шахсони даъватгарро зикр кардаанд, бояд таваҷҷуҳи амиқ зоҳир кунанд. Дар ояти охирини ин сура омадааст, ки бегумон Худованд бо парҳезгоронест, ки накӯкоранд. Яъне касоне, ки аз ширку гуноҳ парҳез мекунанд, амру фармони Худо ва Расул (с)-ро бе каму кост, пурра анҷом медиҳанд, Худованд дар иҷрои амалҳои хайр онҳоро ҳидоят мекунад ва ёриашон медиҳад. Месазад чунин шахсонро парҳезгор гуфт.
Поёни сураи «Наҳл» ва поёни пораи 14-ум,
Ва саллалоҳу таъоло ъало саййидино Муҳаммадин ва ъало олиҳӣ ва асҳобиҳӣ аҷмаъин.
Бандаи муҳтоҷу фақир, ба раҳмати Худованди Қодир Абӯаломуддин.
Баъди вафот турбати мо дар замин маҷӯ.
Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.
(Ҳофиз)
Рӯзе, ки на шодию на шеван монад,
Не дасти қалам, не коғазу тан монад.
Бар хотири дӯстон диҳад ёд маро,
Хате, ки нишон додаӣ, бар ман монад.
Дар пушти китоби ту навиштам
Ин байт зи баҳри ёдгорӣ.
Шояд, ки аз замона рӯзе
Ба хат нигарӣ ба ёдат орӣ!
Илме, ки ҳақиқат аст, дар сина бувад,
Дарсӣ набувад ҳар он чи дар сина бувад.
Сад хона пур аз китоб судат накунад,
Он беҳ китобхона дар сина бувад.
Ғараз нақшест к-аз мо ёд монад,
Ки ҳастиро намебинам бақое.
Магар соҳибдиле рӯза ба раҳмат,
Кунад дар ҳаққи дарвешон дуъое.
(Саъдӣ)
Рӯйхати оятҳои Сураи Наҳл «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «