Тафсири Сураи Чин Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 2
يَّهۡدِىۡۤ اِلَى الرُّشۡدِ فَاٰمَنَّا بِهٖ ؕ وَلَنۡ نُّشۡرِكَ بِرَبِّنَاۤ اَحَدًا ٢
Яҳди ила-р-рушди фа аманна биҳ. Ва лан-н-нушрика би Раббина аҳада. 2.
2. Ки он ба сӯйи роҳи рост ҳидоят мекунад. Пас, ба Ӯ имон овардем ва ба Парвардигори худ ҳеҷ аҳадеро шарик муқаррар намекунем.
Ҷинҳо гуфтанд, ки Қуръон ба сӯйи ростӣ ва савоб ҳидоят мекардааст, мо онро бо фаросати хеш тасдиқ кардем. Мо имон овардем, дигар бо он чӣ қаблан будем барнамегардем. Худоро яккаву ягона медонем ва ҳеҷ касеро ба Ӯ шарик намесозем.
Аз ин чунин бармеояд, ки то он замон он ҷинҳо мушрик буданд. Ҳамчунин ин ояти карима маломатгари онҳоест, ки ба Худо шарик, зан, фарзандро мансуб медонанд ва радкунандаи ақидаи онҳое ҳаст, ки мегӯянд: “Ҷинҳо аз рӯйи насаб ба Худо мерасанд”.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «