Тафсири Сураи Чин Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 1
بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
قُلۡ اُوۡحِىَ اِلَىَّ اَنَّهُ اسۡتَمَعَ نَفَرٌ مِّنَ الۡجِنِّ فَقَالُوۡۤا اِنَّا سَمِعۡنَا قُرۡاٰنًاعَجَبًا ١
Қул уҳия илайя аннаҳустамаъа нафару-м мина-л ҷинни фа қолу инна самиъна Қур-анан ъаҷаба. 1.
1. Бигӯ: «Ваҳй фиристода шуд ба сӯйи ман, ки ҷамоъате аз ҷин (қироъати маро) шуниданд, пас, гуфтанд: «Ба дурустӣ ки мо Қуръони аҷибе шунидем,
Ин оят ба расули Худо (с) амр аст, ки ба қавми хеш бигӯ, ки ба воситаи ваҳйи илоҳӣ ба ман хабар дода шуд, ки ҷамоъае аз ҷинон Қуръон хондани маро шуниданд. Ин вақти намози бомдод буд. Чун ин каломро шуниданд имону Ислом оварданд, рисолати Пайғамбар (с)-ро пазируфтанд. Чун ба сӯйи қавми хеш бозгаштанд ба онҳо хабар доданд, ки мо Қуръони аҷибе шунидем, каломи он оддӣ нест, балки аз сӯйи Худовандаст, ки ба Хотамуланбиё (с) ваҳӣ гардидааст. Ин аст табаддулоти нав.
Мақсад аз хабари Қуръон шунидани ҷинҳо ва расонидани ин воқеа аз сӯйи Расулуллоҳ (с) ба қавми худ бо фармону ваҳйи илоҳӣ барои сарзаниш ва дилкӯбии мушрикони Макка аст. Ба маънои он ки бубинед ҷинҳо бо як шунидан китоби Худо будани Қуръон ва барҳаққ будани расули Ӯ ҳазрати Муҳаммад (с) бовар карданд, имон оварданд ва ҳатто гузашта аз ин дигаронро даъват намуданд, ки аз онҳо пайравӣ намоянд ва ба сӯйи ростӣ ҳидоят ёбанд. Хулоса, дар он ҳангом ҷинҳо аз мушрикони Қурайш дида беҳтару бартар буданд, ки чунин ҳаракатҳо карданду шитоб намуданд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «