Сураи Ҷин Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чин Ояти 24 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷин Ояти 24

حَتّٰٓى اِذَا رَاَوۡا مَا يُوۡعَدُوۡنَ فَسَيَعۡلَمُوۡنَ مَنۡ اَضۡعَفُ نَاصِرًا وَّاَقَلُّ عَدَدًا‏ ٢٤

Ҳатта иза раав ма йуъадуна фа саяъламуна ман аЗъафу насира-в ва ақаллу ъадада. 24.

24. (Мушрикон ҳамеша дар ғафлатанд) то вақте бубинанд он чӣ онҳоро ваъда дода мешуд, пас, аз рӯи нусрат нотавонтар кист ва аз рӯи адад камтар кист, хоҳанд донист.

Инсу ҷини мушрик дар ширкашон то дами дидани азоб ғофилона пойдор мемонанд. Чун ба зудии зуд дохили азоби ваъдашуда, ки он “ғазои Бадр” ё рӯзи қиёмат аст бигарданд он вақт хоҳанд донист, ки кӣ заифу нотавон ва адади кӣ камтар аст. То дидани азоб онҳо мегуфтанд: “мо бисёрем” “роҳи мо дуруст аст”, “бутҳо ба моён ёрӣ медиҳад” ва аз ин мағрур мегаштанд. Чун дар рӯзи азоб чашм мекушоянд, хоҳанд дид, ки Худованди мутаъол, фариштаҳо ва Паёмбар (с) ба муъминҳо нусрат медиҳанд. Мушрикон, ки дар дунё бо бисёрии худ фахр мекарданду ғурур меварзиданд дар он руз тарафдоре надоранд. Онҳо ҳатто аз ҳамдигарашон рӯйи мегардонданд.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷин Ояти 25 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)