Тафсири Сураи Чин Ояти 23 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷин Ояти 23
اِلَّا بَلٰغًا مِّنَ اللّٰهِ وَرِسٰلٰتِهٖ ؕ وَمَنۡ يَّعۡصِ اللّٰهَ وَرَسُوۡلَهٗ فَاِنَّ لَهٗ نَارَ جَهَنَّمَ خٰلِدِيۡنَ فِيۡهَاۤ اَبَدًا ٢٣
Илла балаға-м миналлоҳи ва рисаатиҳ. Ва ма-й яъсиллаҳа ва расулаҳу фа инна лаҳу нара Ҷаҳаннама холидӣна фӣҳа абада. 23.
23. Лекин (ман) аз ҷониби Аллоҳ хабар расонанда буда, пайғомҳои Ӯро мерасонам. Ва шахсе Худоро ва Расулашро осӣ шавад, пас, ҳамоно, оташи Дӯзах аз они онҳост, дар он ҷо ҳамеша ҷовидон бимонанд».
Эй Муҳаммад (с) бигӯ вазифаи ман расонидани супориши Худованд ба сӯйи мардум аст. Ҷуз ин ман дигар боре ба дӯш надорам. Ҳар он чи Аллоҳтаъоло ба ман ба воситаи ҳазрати Ҷабраил (а) ваҳӣ мефиристад онро бидуни каму кост ва иловае аз худ ба бандаҳои Худо мерасонам. Касе ба Худо ва фиристодаи Ӯ бовар намекунад, оёти Қуръонро дурӯғ меҳисобад ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст ва абадӣ дар он дорулазоб боқӣ хоҳад монд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷин «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «