Тафсири Сураи Чосия / Чосиях – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ 45-уми Қуръон буда, ба ғайри ояти 14-ум, ки дар Мадина ваҳй шудааст, дигар ҳама дар Макка нозил шуда, аз 37 оят иборат аст.
Сураи “Ҷосияҳ” баъди сураи “Духон” нозил шуда, мисли ҷамиъи сураҳои дар Макка ба ҳазрати Муҳаммад (с) ваҳй гардида, ақоиди исломиро дар бар гирифта, онро дар ҳар як инсони соҳибтафаккур комилу пурра месозад. Масъалаи муҳимме, ки ин сураи карим бештар атрофи он давр зада, онро аз ҳар ҷиҳат барои хонанда рӯшан месозад, ин ваҳдонияти Аллоҳ субҳонаҳу ва таъолост.
Дар ибтидои сура дар боби Қуръон ва масдари асосии он, ки Аллоҳ таъолост, бо зикри якчанд сифатҳои зотии Ӯ таъоло сухан меронад. Гуфта мешавад, ки лутфи беинтиҳои Парвардигор аст, ки Қуръонро барои бандагон нозил намуд. Қуръон худ нурест, ки роҳи онҳоро чунон мунаввар месозад, ки саранҷом онҳоро ба сӯйи саодати ҳар ду дунё мебарад. Баъдан баъзе аломатҳои кавния (олам), ки рӯйи олам кушод доман паҳн кардаанд, зикр мешаванд. Яъне дар осмонҳо ва Замин дар офариниши башару дигар махлуқот чӣ андоза аломатҳо вуҷуд дорад ва мисли пайи ҳам омадани шабу рӯз, мусаххар будани бодҳою боронҳо ва ғайра.
Хулоса, ҳамаи ин аломатҳо шоҳиданду бо маъною лафзи худ ба бузургии Аллоҳ таъоло ва ба Қудрату ваҳдонияти Ӯ таъоло барои шахси ҳушманд гӯё суханкунандаву ишораткунандаанд.
Сипас, сари мушрикони дурӯғ пиндорандаи Қуръону Расули Аллоҳ (с) ва баъсу нушур сухан меравад. Ин тоифа нафарҳое ҳастанд, ки оятҳои Қуръонро, ки равшану ошкоранд, мешунаванд, вале аз онҳо дарси ибрат намегиранд ва боз кибру ғуруру туғён варзида, дар ботлоқи куфр фурӯтар рафтаанд, Қуръон чунин мардумро бим медиҳад, ки шояд ба худ биёянд, вагарна дар азоби алим (аламовар)-у дар Қаъри ҷаҳим боқӣ мемонанд.
Неъматҳои беинтиҳои Аллоҳ таъоло, ки ба бандагонаш арзонӣ додааст, ёд мешавад, ки бандаҳо шукри онҳоро ба ҷо биёранд ва яқин кунанд, ки Аллоҳ таъоло ба танҳоияш холиқи ин неъматҳост. Донанд, ки Ӯ таъоло ҳам зоҳир аст ва ҳам ботин ва ҷуз Ӯ дигар розиқу неъматдиҳандае нест.
Сура бо услуби хоси худ ба хотири панд додани мардум бо овардани мисолҳои мушаххас ва далелҳои раднашаванда чанд нуқтаро ба миён мегузорад. Аз ҷумла: 1 ҳурмату икром кардани Аллоҳ таъоло Бани Исроилро бо навъи неъматҳо ва дар муқобили ин меҳрубонӣ гуноҳ содир кардани онҳо; 2 даъвати расулони Аллоҳ онҳоро ва саркашӣ кардани тоғиҳо; 3 аз баробар набудани гунаҳкору накӯкор назди адли Парвардигор; 4 аз ин, ки ҳеҷ гоҳ мартабаи гунаҳкор чун накӯкор гардонида намешавад ва ҳар кадом вобаста ба амали худ подошу ҷазо мегиранд. Ин ҳама зикршудаҳо, иншоаллоҳ, баёни худро дар ин сура меёбанд. Баъд аз он сабаби гумроҳии мушрикон аз ин, ки онҳо хоҳиши нафси худро ҳамчун илоҳ гирифта, онро маъбуди худ донистанду бо ҳамин худро вориди нори Ҷаҳаннам сохтаанд, баён мешавад. Яъне онҳо дар баробари чунин далелҳои равшани Қуръонӣ чун кӯр чашмонашонро пӯшиданду роҳи ҳақро наёфтанд…
Дар хотимаи сура омада, ки рӯзи Қиёмат мардум ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Ва аз рӯйи адли илоҳӣ подоши мувофиқ гирифта, фирқае ба Ҷаннат ва фирқае ба Ҷаҳаннам дохил мешаванд.
“Ҷосияҳ”-(тарси шадид) номидани сура барои он аст, ки чун мардум ба аҳволи пурдаҳшатии Қиёмат рӯбарӯ меоянд, ки интизораш набуданд, дарк мекунанд, ки ногузир ҳисоби амалҳо сурат мегирад, аз тарсу ҳарос сари зону нишата, ҳайрону дар андеша мешаванд, ки чӣ гуна аз ҳисоб мегузашта бошем? Он рӯз чунон рӯзест, ки тамоми уммат ба сӯйи номаи аъмолашон хонда мешаванд ва онҳо аз ин ларза ба тан доранд, ки номаи аъмоли онҳо ба дасти росташон дода мешавад ё ба дасти чапашон. Аз даҳшати ин лаҳзаи сарнавиштсоз ҳатто мӯйи сари кӯдакон сафед мегардад. Чунин рӯзро рӯзи ҷосияҳ, яъне дар тарсу ҳарос андозанда гӯянд.
Иншоаллоҳ, ин буд назари кӯтоҳе ба мундариҷаи ин сураи муборак.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «