
Форум гуфта, дар интернет фазои маҷозие, дар назар дошта мешавад, ки он аз якчанд савол ё мавзӯъ иборат мебошад ва дигарон ба он ворид гардида, ба саволҳое, ки дигарон навиштаанд, фикру мулоҳиза ва тавсияҳои худро менависанд, ё худ мушкилӣ ва саволи худро менависанд, то ашхосе, ки ба ин гуна мушкилӣ дучор шуда буд тавсияи худро нависад.
Дар интернет чунин форумҳо бо забонҳои хориҷӣ зиёданд, мисли otvet.mail.ru, stackoverflow.com, Яндекс.Кью ва ғайра. Аммо пурра бо забони тоҷикӣ форуме мавҷуд набуд.
Сомонаи навтаъсисе, бо номи www.SavolTJ.com чунин фазои саволу ҷавобро барои мо муҳайё месозад. Метавон ин сомонаро аввалин форум – саволу ҷавоби тоҷикӣ номид.
Дар ин сомона саволҳо ба бахшҳо ҷудо гардида, ҳар шахс метавонад мушкилиҳои худро дар бахши мавриди назар ҷустуҷӯ намояд. Масалан, агар мушкилие оиди барномасозӣ доред, пас метавонед ба бахши Барномасозии сомона ворид гардида саволҳоро аз назар гузаронед, ё шояд саволи худро нависед. Ё шояд саволе оиди дини Ислом, оиди Мактабу маориф, вазифаи хонагӣ, дарсҳо …
Масалан шумо оиди дини Ислом саволе доред, аммо намедонед, аз кӣ пурсед, ё шояд аз пурсидан шарм медоред, интернетро меҷӯед, чунин мавзӯе нест. Пас ба сомонаи SavolTJ.com ворид мегардед ва суоли худро менависед. Ашхосе, ки аз ин мавзӯъ хабар доранд ба шумо тавсия ва роҳи ҳалро нишон медиҳанд.
Ҳангоми ба сомона ворид гардидан саволҳо ва ҷавобҳоро хондан мумкин аст. Метавонед номи худро нишон дода, савол ҳам диҳед, ё ҷавоб нависед. Аммо барои қулай истифода намудани сомона бояд худро дар сомона ба қайд гиред. (Ё лаҳҷавӣ: Худатона бояд дар сайт регистрация кунед)
Барои ба қайд гирифтан танҳо почтаи электронӣ доштан лозим асту халос. Пас аз бақайдгирӣ метавонед бо логину рамзе, ки ҳангоми бақайдгирӣ нишон додаед, ба сомона бо дилхоҳ дастгоҳ (телефон, компютер, планшет) ворид гардед.
Имкониятҳои корбари бақайдгирифташуда бештаранд. Масалан, идораи саволҳо ва ҷавобҳо дар ҳуҷраи шахсӣ, имкони навиштани ному насаб, гузоштани расм ва пасманзар, имкони бемаҳдуд байни дигар корбарон навиштани паёмакҳои шахсӣ ва ғайра.
Марҳамат ба сомона ворид гардед ва аз имкониятҳои он истифода баред:


