Тафсири Сураи Чосиях Ояти 2 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ Ояти 2
تَنۡزِيۡلُ الۡكِتٰبِ مِنَ اللّٰهِ الۡعَزِيۡزِ الۡحَكِيۡمِ ٢
Танзӣлу-л-китаби миналлоҳи-л-Ъазӣзи-л ҳакӣм. 2.
2. Фурӯ фиристодани ин Китоб аз тарафи Аллоҳи ғолибу боҳикмат аст.
Мурод аз ин китоб Қуръон аст. Яъне Қуръон аз тарафи Аллоҳе, ки дар мулки худ ғолиб асту чӣ навъе, ки хоҳад, онро тасарруф мекунад ва дар кори худ ҳакиму доност, фиристода шудааст. Ҳар иродае аз сӯйи Аллоҳ таъоло содир шавад, чун нузули Қуръон ва ғайра барои ҳикмату маслиҳати бандагон аст.
Ояти зер аз далелҳои ваҳдонияту Қудрати Ӯ таъоло хабар медиҳад.
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «