Сураи Ҷосияҳ Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чосиях Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷосияҳ Ояти 27

وَلِلّٰهِ مُلۡكُ السَّمٰوٰتِ وَالۡاَرۡضِ‌ؕ وَيَوۡمَ تَقُوۡمُ السَّاعَةُ يَوۡمَٮِٕذٍ يَّخۡسَرُ الۡمُبۡطِلُوۡنَ ٢٧

Ва лиллаҳи мулку-с-самавати ва-л-арЗ. Ва явма тақуму-с-саъату явмаизи-й яхсару-л-мубтилун. 27.

27. Подшоҳии осмонҳо ва Замин аз они Аллоҳ аст ва рӯзе, ки Қиёмат Қоим шавад, дар он рӯз табаҳкорон зиёнкор шаванд.

Дар мазмуни ин ояту ояти баъдӣ валлоҳу аълам, макони ҳашру нашр ва навъу намуди аҳволи Қиёмат зикри худро меёбад. Аллоҳ таъоло фармудааст, ки подшоҳи осмонҳо ва Замин ва ҷамиъи коинот ва соҳиби онҳо Аллоҳ таъолост. Ваъдаи он Зоти боқудрату тавоно бе шакку шубҳа ин аст, ки рӯзе дунё ба охир расида, Қиёмат барпо мешавад. Ин ҳақ асту росту ҷои шакку шубҳа надорад. Чун Қиёмат Қоим шавад, онҳое, ки ба оятҳои Қуръон ва расулу баъсу нушур куфр варзиданд, шахсони табоҳкор бе шак, зиёнкории худро мефаҳманд, локин ҳайҳот дигар суде нест.


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷосияҳ Ояти 26 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷосияҳ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)