Сураи Ҷосияҳ Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)

0

Тафсири Сураи Чосиях Ояти 28 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.


Сураи Ҷосияҳ Ояти 28

وَتَرٰى كُلَّ اُمَّةٍ جَاثِيَةً‌ كُلُّ اُمَّةٍ تُدۡعٰۤى اِلٰى كِتٰبِهَا ؕ اَلۡيَوۡمَ تُجۡزَوۡنَ مَا كُنۡتُمۡ تَعۡمَلُوۡنَ ٢٨

Ва тара кулла умматин ҷасияҳ. Куллу умматин тудъа ила китабиҳа-л-явма туҷзавна ма кунтум таъмалун. 28.

28. Ва ҳар гурӯҳро (дар он рӯз) ба зону нишаста бубинӣ. Ҳар фирқаро ба сӯи номаи аъмолаш хонда (ба онҳо гуфта) мешавад: «Ба мувофиқи он чӣ амал мекардед, имрӯз ҷазо дода мешавед!

Ай мухотаб, рӯзи Қиёмат ҳамаи умматро ва даҳшату воҳимаи ғурриши Ҷаҳаннам мебинӣ, ки аз тарсу ҳайбати он рӯз, мисли ҷинояткорони назди Қозӣ ё ҳоким аз муттаҳамии худ ба зону зада, мезананд, ларза дар андоми онҳо афтода сари зону мешинанд. Ҳамаи инсонҳо, ки ба гурӯҳҳо тақсим шудаанд, ба амри Аллоҳ таъоло ба сӯйи номаи аъмолашон хонда мешаванд. Дар ин рӯзи тақдирсоз ба онҳо гуфта мешавад, ки имрӯз ҳамаи шумо ба ҷазои амалҳои дар дунё содир кардаатон хоҳ бад буданд, хоҳ нек, мерасед!!! Ва:


Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «

Мақолаи қаблӣСураи Ҷосияҳ Ояти 27 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)
Мақолаи баъдӣСураи Ҷосияҳ Ояти 29 – Тафсири Осонбаён (Қуръон)