Тафсири Сураи Чосиях Ояти 31 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Ҷосияҳ Ояти 31
وَاَمَّا الَّذِيۡنَ كَفَرُوۡۤا اَفَلَمۡ تَكُنۡ اٰيٰتِىۡ تُتۡلٰى عَلَيۡكُمۡ فَاسۡتَكۡبَرۡتُمۡ وَكُنۡتُمۡ قَوۡمًا مُّجۡرِمِيۡنَ ٣١
Ва амма-л-лазӣна кафару а-фа лам такун айатӣ тутла ъалайкум фастакбартум ва кунтум Қавма-м муҷримӣн. 31.
31. Ва аммо ононе ки кофир шуданд, (ба онҳо гуфта мешавад:) «Оё набуд, ки оёти Ман бар шумо хонда мешуд, пас, такаббурӣ мекардед ва Қавми муҷрим (кофир) будед?
Дар ҳақиқат аз тарафи Парвардигор барои бандагонаш чунин меҳрубониҳо шудааст, ки ҳадду канор надорад.
Яъне омадани ин Қадар ҳуҷҷатҳои Қатъие, ки ҳамаашон ошкоро ба ваҳдонияти Ӯ таъоло ва барҳақ будани Расули Ӯ (с) далолат мекунанд, исбот мекунанд, ки омадани Қиёмат, баъсу нушур ҳақ аст. Локин инсонҳое ҳастанд, ки ин ҳуҷҷатҳои зоҳирро ба эътибор намегиранду ба Аллоҳи ягона кофир мешаванд. Ояти мазкур барои чунин шахсон бонги хатар зада, бо як оҳанги дилхарош онҳоро хитоб намуда, фармудааст, ки дар он рӯзи пуртаҳлука ба шахсони кофиршуда аз тарафи Аллоҳ таъоло саволҳо шуда, мефармояд, ки магар расулони Мо назди шумо наомаданд, оятҳои Моро нахонданд, шуморо насиҳат накарданду нафаҳмонданд? Оё шуморо аз он амалҳои зарароваре, ки ба он даст доштед, наҳй накарданд?
Оё омадани расулони Мо ва оятҳои Моро хондану фаҳмонидани онҳо барои шумо неъмати бузург набуд?
Пас, чаро ба оятҳои Мо имон наовардеду рӯгардон шуда, кофир шудед? Пас, чаро ба бузургтарин ҷиноят ва сахттарин гуноҳ, ки куфр аст, даст задед? Шахсони кофиршуда ба ин саволҳо чӣ ҷавоб мегуфта бошанд? Акнун мувофиқи тақозои ақли инсони хирадманд ин аст, ки имрӯз Қуръон байни мардум мисли дастурхон гузошта шудааст, онро нодида нагиранд. Сари оятҳои он ба андеша раванд ва дарёбанд, ки ин китоби самовӣ аз инсон чӣ мехоҳад. Агар мувофиқ ба он амал намоянд, мутмаинам, ки чунин бандаи ба Қуръон амалкунанда аз таҳти хитоби Ӯ таъоло, ки мегӯяд: “Кунтум Қавмам муҷримин”, яъне будед шумо дар дунё Қавми гунаҳкор берун аст. Худоё, аз чунин хитоби Худ моро нигаҳ дор. Омин!!!
Ояти зер бори дигар одати бади шахсони номбурдаро эзоҳ медиҳад…
Рӯйхати оятҳои Сураи Ҷосияҳ «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «