Тафсири Сураи Кадр Ояти 1 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қадр Ояти 1
بِّسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
Бисмиллаҳи-р-Раҳмани-р-Раҳӣм.
Оғоз мекунам ба номи Худованде ки беандоза меҳрубону бениҳоят бораҳм аст.
اِنَّاۤ اَنۡزَلۡنٰهُ فِىۡ لَيۡلَةِ الۡقَدۡرِ ١
Инна анзалнаҳу фӣ лайлати-л-қадр. 1.
1. Ҳаройина, мо он (Қуръон)-ро дар шаби Қадр фурӯ фиристодем.
Яъне Қуръони маҷид аз “Лавҳулмаҳфуз” ба сӯйи Осмони дунё дар Шаби қадр ҳамагӣ нозил гардид. Баъд вобаста ба тақозои воқеъаҳо дар муддати 23 сол ба Замин, яъне ба Муҳммад (с) ба воситаи Ҷабраил (а) нозил шуд. Баъзе муфассирон ақида доранд, ки шояд шурӯи нузули Қуръон аз Осмони дунё ба ҳазрати Муҳаммад (с) ҳам дар ҳамин шаб шурӯъ шуда бошад. Валлоҳу аълам.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қадр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «