Тафсири Сураи Кадр Ояти 5 – Тафсири Осонбаён (Куръон) бо забони точики / тоҷикӣ аз сомонаи www.DONISH.su.
Сураи Қадр Ояти 5
سَلٰمٌ هِىَ حَتّٰى مَطۡلَعِ الۡفَجۡرِ ٥
Саламун ҳия ҳатта матлаъи-л-фаҷр. 5.
5. То тулӯъи субҳ он шаб эмину саломат аст.
Яъне он шаб шаби амн ва роҳат ва хотирҷамъӣ аст. Аҳлуллоҳ дар он шаб ҳузури қалб ва таманнои бештар ҳосил мекунанд. Аз ибодатҳои худ лаззат ва ҳаловати дигаре меёбанд. Ин асари нузули раҳмат ва баракат мебошад. Дар он шаб аз аввали шаб сар карда, то тулӯи Офтоб фариштагон ба муъминон салом медиҳанд ва тақдири бадро наменависанд, магар тақдире, ки назди Аллоҳтаъоло барои инсон хайр асту саломат онро менависанд.
Шаби “Лайлатул Қадр” фақат дар моҳи мубораки Рамазон аст. Онро мувофиқи ривоятҳо дар рӯзҳои тоқи даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон яъне: 21, 23, 25, 27, 29 бояд талаб кард. Машҳуртарин қавл он аст, ки “Шаби Қадр” дар шаби 27-ӯм мебошад. Зеро калимаи лайлатулқадр 9 ҳарф аст ва ӯ 3 маротиба ба такрор омадааст. Нишонаҳои он шаб ин аст, ки Офтоби он рӯз сурхиаш кам буда, рӯзаш начандон гарм ва начандон сард, Осмони шабаш софу беғубор ва шайтон то тулӯи Офтоб банд аст. Хосиятҳои “Шаби Қадр” бисёр аст, мо ин ҷо бо овардани дуъои Расулаллоҳ (с.) барои “Шаби Қадр” суханро ба поён мерасонем. Мо бояд ҳангоми дуъои “Шаби Қадр” онро гӯем.”Аллоҳума анта ъафуввун, туҳиббул ъафва фаъфу ъаннӣ”.
Яъне “Эй бор Худо! Ту афвкунандаи гуноҳон ҳастӣ ва афвро дӯст медорӣ, пас, афв кун маро”. Ин ваҷҳи 3-юми бузургии “Шаби Қадр” буд.
Эй хоҷа, чу ҷӯйи зи шаби қадр нишонӣ,
Ҳар шаб шаби қадр аст агар қадр бидонӣ.
Поёни сураи “Қадр”. Валиллоҳил ҳамд.
Рӯйхати оятҳои Сураи Қадр «
Рӯйхати сураҳо «
Саволу ҷавоби исломӣ «